Дар шаҳри Хоруғ бахшида ба Рӯзи Президент мусобиқаи волейбол барои дарёфти Ҷоми раиси вилоят оғоз шуд
ХОРУҒ, 05.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар Маҷмааи варзишии шаҳри Хоруғ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими кушодашавии мусобиқаи варзишӣ аз намуди волейбол барои дарёфти «Ҷоми Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон» байни ҷавонон, занон ва мардони синни аз 40 боло оғоз ёфт, хабар медиҳад мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Файз Мирасан.
Дар мусобиқа 30 даста аз муассисаҳои таълимию фарҳангӣ, тандурустӣ, ниҳодҳои интизомию қудратӣ иштирок ва давоми як ҳафта барои соҳиб шудан ба ҷоизаи асосӣ рақобат менамоянд.
Сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят Солеҳҷон Амирҷонзода гуфт, ки «мақсади асосии чунин мусобиқаҳо оммавигардонии соҳаи варзиш, тарғиби тарзи ҳаёти солим байни наврасону ҷавонон аст. Дар мусобиқа 30 даста иштирок менамояд, ки 12 даста занона, 18 даста мардона ва 10 дастаи калонсолон мебошанд».
Дар маросими ифтитоҳи мусобиқа муовини раиси вилоят Умедҷон Носирзода иштирок намуда, варзишгаронро бо Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Президент табрик намуда, изҳор дошт, ки «дар давраи соҳибистиқлолӣ соҳаи варзиш дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба таври бесобиқа рушд намуда, барои таҳсилу тамрини варзишгарон шароити мусоид фароҳам оварда шуд. Имрӯз дар вилоят деҳае нест, ки майдончаи муосири варзишӣ надошта бошад. Дар маркази вилоят- шаҳри Хоруғ дар даҳ соли охир 13 майдон ва 2 толори калони варзишӣ бунёд гардида, бо тамоми лавозимоти варзишӣ таъмин шуданд. Кормандони соҳаи варзиш ҳамасола барои такмили касб ба даврҳои омӯзишӣ ҷалб мешаванд. Зеро пешрафти ин ё он соҳаи варзиш маҳз ба дониш, ҳунару маҳорати мураббиён вобастагӣ дорад».
Мусобиқа то 15 ноябр идома меёбад. Ғолибон дар Рӯзи Президент бо ҷоизаи асосӣ- Ҷоми раиси вилоят, мукофоти пулӣ ва дигар туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ мешаванд.
АКС: АМИТ «Ховар»
Хабарҳои дигари ин бахш
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд








Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд






