Дар шаҳри Москва бахшида ба 1165-солагии Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ барномаи фарҳангӣ баргузор гардид

Ноябрь 10, 2023 18:46

ДУШАНБЕ, 10.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. 9 ноябр дар шаҳри Москва  бахшида ба 1165-солагии Сардафтари  адабиёти классикии тоҷик Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ барномаи фарҳангӣ баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия хабар медиҳад.

Дар ҳамоиш намояндагони мақомоти дахлдори Русия, доираҳои илмиву эҷодӣ, аз ҷумла шоирону нависандагон, олимону муҳаққиқон, устодон ва донишҷӯёни мактабҳои олӣ, инчунин тоҷикони муқими Русия иштирок намуданд.

Сафири Тоҷикистон дар Русия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода иброз намуд, ки Одамушшуаро устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ маъруфтарин сухансарои ҳамаи давру замонҳо буда, номи ӯ на танҳо дар таърихи адабиёти тоҷик, балки дар таърихи адабиёти ҷаҳонӣ  ҷовидон боқӣ мемонад.

Аз соли 2002 бо ибтикори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола 22 сентябр  Рӯзи бунёдгузори адабиёти классикии тоҷик ба таври бошукуҳ таҷлил мегардад. Дар ин рӯз дар ҳамаи шаҳру навоҳии Тоҷикистон бахшида ба ҳаёт ва фаъолияти ин шоири забардаст чорабиниҳои идона, маҳфилҳои адабӣ ва ҳамоишҳои илмӣ-адабӣ баргузор мешаванд.

Таъкид шуд, ки барои тоҷикони ҷаҳон мояи ифтихори бузург аст, ки бо қарори ЮНЕСКО соли 2008 ҷомеаи фарҳангии ҷаҳон 1150–солагии устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакиро таҷлил намуд.

Проректори Академияи хоҷагии халқ ва идоракунии давлатии назди Президенти Федератсияи Русия  Полина Немировченко   оид ба робитаҳои густурдаи фарҳангӣ ва гуманитарии Тоҷикистон ва Русия ибрози назар намуда, нақши муттаҳидкунандаи адабиёти классикӣ ва муосири тоҷикро муҳим арзёбӣ намуд.

Дар идомаи чорабинӣ ба меҳмонон филми мустанад дар бораи ҳаёт ва фаъолияти эҷодии устод Аӯабдуллоҳи Рӯдакӣ намоиш дода шуд, ки ба меҳмонон таассуроти рангин ва хотирмон бахшид.

Ҳамчунин ба ҳозирин барномаи фарҳангии иборат аз саҳнаҳои театрӣ, таронаҳои рангин аз ашъори пурмазмуни устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ва рақсҳои мавзуну дилнишин пешкаш гардид.

Донишҷӯёни макотиби олии Русия аз эҷодиёти шоир намунаҳои беҳтаринро ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ қироат намуданд.

Дар доираи баргузории ҳамоиш либосҳои миллӣ, ҳунарҳои мардумӣ, манзараҳои зебои Тоҷикистони соҳибистиқлол ба намоиш гузошта шуданд.

Ҳамоиш дар фазои гарму дӯстона доир шуд. Меҳмонони чорабинӣ ба шарофати ин маҳфил бо фарҳангу адабиёти волои тоҷик бештар шинос шуданд.

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия

Ноябрь 10, 2023 18:46

Хабарҳои дигари ин бахш

МАН СУРУДИ ОСИЁЯМ, ҚИТЪАИ ОГОҲДИЛ. Эҳдо ба 115-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ». Дар ноҳияи Ёвон роҳпаймоӣ баргузор гардид
Дар шароити ҷаҳонишавӣ мероси миллӣ ва маънавиро ҳифз мебояд кард
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо дар Осорхонаи миллӣ конфронси илмӣ доир шуд
Ҷаласаи комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» дар соли 2026 баргузор гардид
Дар «Тоҷикфилм» 12 лоиҳаи нави синамоӣ муаррифӣ карда шуд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон Кафедраи ЮНЕСКО таъсис дода шуд
ИСТЕҲСОЛИ ФИЛМҲОИ МИЛЛӢ ДАР ТОҶИКИСТОН КАМ АСТ. Ва ё рушди кинои миллӣ аз кӣ ва чӣ вобаста аст?
Маҷмуаи ашъори «Каманди зулф»-и Шоири халқии Тоҷикистон дар нашриёти «Орван»-и Теҳрон ба табъ расид
Бахшида ба 115-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор мегардад
Намоиши ҷашнии «Тасвири шуҷоат ва мардонагии фарзандони тоҷик дар нигораҳои Осорхонаи миллӣ» ифтитоҳ шуд
Озмоишгоҳи энергетикаи гидрогенӣ сохта мешавад