Дар Суди констутитусионӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия мизи мудаввар доир гардид

Ноябрь 6, 2023 17:00

ДУШАНБЕ, 06.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар толори маҷлисгоҳи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон бах­­­шида ба 29-солагии  Рӯзи Конс­титут­сия маҷлиси тантанавӣ ва мизи мудаввар бар­гузор гардид, ки дар он суд­яҳо, хизатчиёни давлатӣ ва дигар кор­мандони дастгоҳи Суди конститутсионӣ иштирок на­муданд.

Дар ҳамоиш оид ба нақш ва моҳияти ин санади таърихӣ таъкид карда шуд, ки 29 сол муқаддам мардуми шарафманди Тоҷи­кистон ба авзои бени­ҳоят му­рак­каб ва но­ороми  сиёсию иҷтимоии мам­ла­кат нигоҳ накарда, бо дарки баланди  мас­ъулиятшиносӣ ва қарзи  шаҳ­р­вандию ин­сонӣ муно­сибати худро ба тақ­дири минбаъдаи давлату мил­­лат ва бақои он иб­роз намуда, на­хус­тин Кон­с­титутсияи давлати соҳибихтиёри Тоҷикистонро қабул наму­д.

Конститутсия халқи тоҷикро қисми ҷудонашавадаи ҷомеаи ҷа­ҳонӣ ва дар пеши наслҳои гузаштаву ҳо­зира ва оянда масъул ва вазифадор эътироф намуда, мақсад ва вазифаҳои таърихии халқи тоҷикро  бунёди ҷомеаи адолат­парвар эълон на­муд.

Ҳамчунин оид ба ди­гар ҷанбаҳои таърихию сиёсии Конститутсия ибрози андеша карда шуда, фарҳанги конс­титутсионӣ ва баланд бардоштани сатҳи шуури ҳуқуқӣ дар ҷомеа асоси татбиқи Конститутсия номида шуд.

Дар фарҷом ба ду судяи Суди конститутсионӣ ва 4 кор­манди Суди конститустионӣ барои кори пурсамар ва фаъолияти содиқона барои ҳи­мояи таъмини кафолатҳои конститутсионии шаҳрвандон бахшида ба 29-солагии Рӯзи Конститутсия Ифтихорномаи Раиси Су­ди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим карда шуд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Ноябрь 6, 2023 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Сокинони ноҳияи Тоҷикобод аз муоинаю ташхисҳои тиббии ройгон гузаронида шуданд
Бо иштироки занону духтарони вазорату идораҳо иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем!» доир гардид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори маҳаллӣ дар ноҳияи Темурмалик барои ду ҳамдеҳааш хона сохт
Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмуни «Тоҷикистони ман!» баргузор мешавад
«СУҒД — ЧОРРОҲАИ РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Дар Суғд форуми сеюми байналмилалӣ доир мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
КАДБОНУИ БЕҲТАРИН. Дар Хуҷанд даври шаҳрии ин озмуни ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад