Дар Суди Олии иқтисодӣ Рӯзи Парчами давлатиро бо баргузории ҳамоиши тантанавӣ таҷлил намуданд

Ноябрь 24, 2023 13:56

ДУШАНБЕ, 24.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. «Парчам – рамзи ҳастии миллат ва давлати Тоҷикистон»- таҳти чунин унвон 23 ноябр дар Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ ҳамоиш баргузор гардид, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».

Тавре Раиси Суди Олии иқтисодӣ Рустам Мирзозода иброз намуд, «Рӯзи Парчами давлатӣ аз ҷумлаи ҷашнҳое мебошад, ки  имрӯз симои Тоҷикистонро ҳамчун давлати соҳибистиқлол, муқтадир, бофарҳанг ва соҳиби тамаддуни бой  дар ҷаҳон  муаррифӣ менамояд. Рамзҳое, ки дар  Парчами Тоҷикистон интихоб шудаанд, ҳар кадоме   мазмуну муҳтавои амиқ доранд, ки  дар онҳо, агар  аз як тараф, гузаштаи мамлакати мо, яъне принсипи таърихият ба  эътибор гирифта шуда бошад, аз тарафи дигар, меросбарии арзишҳои  фарҳангию ахлоқӣ, маънавию илмӣ ва  арзишҳои дигаре, ки дар гузашта мавҷуд буданд ва мо имрӯз ба онҳо арҷ мегузорем, ифода ёфтаанд».

Судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қутбиддин Муминзода аз он ёдовар шуд,  ки бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 30 августи соли 2011 Парчами давлатии Тоҷикистон  бо баландии рекордӣ, яъне 165 метр барафрохта шуд, ки бо ин ба китоби «Рекордҳои Гиннес» ворид шуд.

«Парчами миллӣ рамзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, шаҳрвандонро ба зиндагии ором, сулҳу осоиш, талош ба хотири ҳаёти арзанда ва соҳибихтиёрию соҳибдавлатӣ равона менамояд», — афзуд Қутбиддин Муминзода.

Ҳамзамон дар ҳамоиш гуфта шуд, ки ҳар шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон масъул ва вазифадор аст, ки Парчами давлатии мамлакатро эҳтиром намояд ва ба инрукни муқаддас арҷ гузорад. Зеро, арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ- ин эҳтиром ба миллат ва давлати хеш мебошад.

АКС: АМИТ «Ховар»

Ноябрь 24, 2023 13:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе масъалаи бунёди неругоҳҳои офтобӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Ҳайати «Шаҳри ҳушманд» бо таҷрибаи Қирғизистон дар самти рақамикунонии соҳаи тандурустӣ шинос шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво рӯзона то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Шароит ва имконияти таҳсил дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат беҳтар карда мешавад
ИҚТИСОДИ «САБЗ». Тоҷикистон барои амалисозии он заминаи муносиб фароҳам овард
Дар вилояти Суғд ҳаҷми истеҳсоли тухм афзоиш меёбад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар ҶДММ «Бозори Корвон плюс» вохӯрӣ доир шуд
Интернет барои идора: чӣ тавр метавон кормандонро бо дастрасии боэътимод таъмин кард