Дар Тоҷикистон лоиҳаи нави давлатии сармоягузорӣ таҳти унвони «Дастгирии кишоварзӣ дар заминаи ҷомеа плюс» (CASP+) оғоз гардид

Ноябрь 30, 2023 17:22

ДУШАНБЕ, 30.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. 27 ноябр вохӯрии Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода бо ҳайати миссияи Фонди байналмилалии рушди кишоварзӣ таҳти роҳбарии Роберто Лонго, директори барномаҳои фонд барои Тоҷикистон баргузор гардид, ки зимни он масъалаҳои вобаста ба оғози лоиҳаи нави давлатии сармоягузорӣ таҳти унвони «Дастгирии кишоварзӣ дар заминаи ҷомеа плюс» (CASP+) мавриди муҳокима қарор гирифтанд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи ҳифзи муҳити зист хабар доданд.

Мақсади амалишавии лоиҳа мусоидат намудан ба баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолии манфиатгирандагон аз 21 ноҳияи зерҳадафи вилояти Хатлон, Суғд ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ тавассути амалӣ намудани чорабиниҳо бо назардошти мутобиқгардонӣ ба тағйирёбии иқлим, барқарорсозии ландшафтҳо ва беҳтар намудани ҳолати чарогоҳҳо мебошад.

Маблағгузории ин лоиҳа бо ҷалби маблағҳои Фонди байналмилалии рушди кишоварзӣ, Фонди иқлими сабз ва Фонди глобалии экологӣ пешбинӣ шудааст. Дар айни замон дар асоси Созишномаи молиявии баимзорасида байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди байналмилалии рушди кишоварзӣ танҳо маблағгузорӣ аз ҷониби фонд оғоз гардидааст.

Бо назардошти муҳимияти ин лоиҳа аз Кумита хоҳиш шуд, ки ҷиҳати ба анҷом расонидани расмиёти зарурии вобаста ба ҷалби маблағҳои Фонди иқлими сабз ва Фонди глобалии экологӣ тадбирҳои мушаххас андешанд.

Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо ҷиҳати идома додани ҳамкорӣ дар самтҳои дигари вобаста ба муваффақона амалӣ намудани ин лоиҳа ба мувофиқа расиданд.

АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ноябрь 30, 2023 17:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Эмомалӣ Раҳмон: «Дар вилояти Суғд суръати рушди соҳаи саноат 13 банди фоизӣ коҳиш ёфтааст»
Дар Хатлон неругоҳи офтобӣ бо иқтидори умумии 500 мегаватт сохта мешавад
ТАЪМИНИ БОЗОРИ ДОХИЛӢ БО МАҲСУЛОТИ ҶАНГАЛ. Дар Суғд дар 540 метри мураббаъ гармхона бунёд гардид
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Дар ноҳияи Кӯшониён корҳои безараргардонӣ дар мавзеъҳои хурӯҷи малах идома доранд
Кишоварзон соли 2026 дар 40 ҳазор гектар пунбадонаи зери плёнка кишт менамоянд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи технология ва инноватсия барои солҳои 2026-2028 ба имзо расид
«Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026 – 2030» таҳия мегардад
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд
Истифодаи оқилонаи технологияи зеҳни сунъӣ барои рушди ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳамияти муҳим дорад
Дар Тоҷикистон ҳаҷми гардиши савдои дохилӣ ба беш аз 77 миллиард сомонӣ баробар шуд
Соли 2025 гардиши мол байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақрибан 30 фоиз афзоиш ёфт