Дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ аҳамияти Рӯзи Парчами давлатиро шарҳ доданд
ДУШАНБЕ, 24.11.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади идона баргузор гардид, ки дар он иштирокдорон оид ба моҳияти ин сана ибрози андеша намуданд, иттилоъ доданд да АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти ин вазорат.
Гуфта шуд, ки Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад. Он шаҳрвандонро ба зиндагии ором, сулҳу осоишта ва талош ба хотири ҳаёти арзанда, рушду нумӯи ҳаматарафа ва соҳибихтиёрию соҳибдавлатӣ ҳидоят менамояд.
Мақсад аз таҷлили ин ҷашн эҳтиром ба ин рамзи давлатӣ, бедор намудани эҳсоси ватандӯстиву хештаншиносии шаҳрвандони мамлакат, аз ҷумла насли ҷавон мебошад.
Имрӯзҳо бо шарофати ҷавонпаҳлавонони тоҷик Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мусобиқаҳои сатҳи баланди ҷаҳонӣ парафшон гардида, мояи ифтихору сарфарозии кулли тоҷикистониён мебошад.
Бо парафшон гардидани Парчами давлатӣ ва садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ эҳсоси ватандорӣ дар қалби ҳар соҳибватан бедор мешавад.
Ёдовар мешавем, ки 24 майи соли 2011 бо ташаббуси Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баландтарин парчам, ки дарозии сутуни он 165 метр аст, дар шаҳри Душанбе барафрохта шуд.
АКС: Маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Тоҷикистону Чин ҳамкориро дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва гуманитарӣ тақвият медиҳанд
Дар шаҳри Ваҳдат бо мақсади баланд бардоштани ҳувияти миллии ҷавонон ҳамоиш доир шуд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Сокинони ноҳияи Тоҷикобод аз муоинаю ташхисҳои тиббии ройгон гузаронида шуданд
Бо иштироки занону духтарони вазорату идораҳо иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем!» доир гардид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори маҳаллӣ дар ноҳияи Темурмалик барои ду ҳамдеҳааш хона сохт
Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмуни «Тоҷикистони ман!» баргузор мешавад
«СУҒД — ЧОРРОҲАИ РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Дар Суғд форуми сеюми байналмилалӣ доир мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд






