Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба шарафи Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ ва гузашти низомӣ баргузор шуд

Ноябрь 10, 2023 10:56

ХОРУҒ, 10.11.2023  /АМИТ «Ховар»/. Дар майдони назди бинои Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади  тантанавӣ  ва гузашти низомӣ  баргузор гардид, ки дар он роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, сохторҳои интизомӣ,  ҳайати шахсӣ ва собиқадорони соҳа иштирок намуданд. Дар ин хусус мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Файз Мирасан хабар медиҳад. 

Сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Шариф Назарзода ҳамкорону ҳамкасбони худро бо Рӯзи милитсияи тоҷик табрик намуда, изҳор дошт, ки “имсол ин иди касбӣ  дар доираи тантанаҳои бошукуҳи фархундаи ҷашни таърихии 31-солагии  Иҷлосияи 16-уми Шурои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мегардад, ки  ин мояи ифтихори ҳар тоҷику тоҷикистонӣ ба шумор  меравад. Кормандони ин ниҳоди муҳими давлатӣ бо дарки баланди худшиносии миллӣ ва ватандӯстӣ  вазифаи муқаддасу ҷонии худро сарбаландона ба ҷо  меоранд.  Дар ин муддат мақомоти корҳои дохилӣ ба ниҳоди боэътимоду пурқувват, кафили амнияту бехатарии ҷумҳурӣ ва фаъолтарин сохтори қудратии мамлакат мубаддал гардида, имрӯз низ рисолати баланди худро бо сарбаландӣ иҷро менамояд”.

Раиси  Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон  Алишер Мирзонабот  низ кормандони милитсияи тоҷикро бо иди касбиашон  табрик намуда, баён дошт, ки “милитсияи тоҷик аз нахустин рӯзҳои таъсис дар ҷумҳурии тозаистиқлол роҳи душвору сангинеро тай намуда, дар таҳкими волоияти қонун, тартиботи ҷамъиятӣ ва адолати иҷтимоӣ нақши муассир гузоштааст”.

Дар ин рӯз барои хизматҳои содиқона, садоқат ба савганд, интизоми намунавӣ ва фаъолияти хуби корӣ бо фармони Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба як зумра кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ва собиқадорони соҳа  медалу  ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуданд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Ноябрь 10, 2023 10:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми Осиё ва Уқёнуси Ором дар Филиппин иштирок намуд
Дар Кӯлоб ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор гардид
ҲАР АМАЛИ НОДУРУСТ ҶАВОБГАРӢ ДАР ПАЙ ДОРАД! Дар Душанбе паҳнкунандагони доруи психотропии «Прегабалин» дастгир шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Вена дар конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба мубориза бо қаллобӣ иштирок дорад
Дар Вена ҳамкории Тоҷикистон ва Британияи Кабир дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқ баррасӣ гардид
14 МАРТ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ ПРОКУРАТУРА. Бо назардошти вазъи геополитикии ҷаҳон дар назди кормандони он масъулияти баланд меистад
Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон ва Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Ҷаласаи навбатии Комиссияи даъвати ҷумҳуриявӣ оид ба омодагӣ ба даъвати баҳории соли 2026 ба хизмати ҳарбӣ доир гардид
Нозирони мизҳои ҳарбӣ дар шаҳри Бохтар ба машғулияти такмили ихтисос фаро гирифта шуданд
Дар Хатлон ҳамкории милитсия, омӯзгорон ва волидайн дар самти пешгирии ҷинояткорӣ байни ноболиғон тақвият меёбад
Ташаккул ва рушди фарҳанги киберамният дар низоми таълиму тарбия аҳамияти аввалиндараҷа касб мекунад
Ҳайати Тоҷикистон дар иҷлосияи Комиссияи СММ оид ба воситаҳои нашъадор иштирок дорад