Дар вилояти Суғд Фестивал-намоиши чорвои зотӣ доир гардид
ДУШАНБЕ, 28. 11.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар вилояти Суғд Фестивал-намоиши чорвои зотӣ баргузор гардид, ки дар он беҳтарин навъҳои чорво ба намоиш бароварда шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар медиҳад.
Ҳадаф аз баргузории Фестивал-намоиши чорвои зотӣ, пеш аз ҳама, зиёд намудани саршумори чорвои хушзот, баланд бардоштани маҳсулнокии чорво ва дар ин замина мусоидат намудан дар таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти хушсифату рақобатпазири ватанӣ мебошад.
Соҳаи чорводорӣ яке аз манбаъҳои асосии таъминкунандаи аҳолӣ бо гӯшт, шир, тухм, гӯшти моҳӣ ва асал ба ҳисоб рафта, ба нигоҳ доштани захираҳои ирсӣ, зиёд намудани чорвои зотӣ, тухми инкубатсионӣ, моҳии хушзот, занбӯри асал, инчунин ташкили ҷойҳои нави корӣ мусоидат менамояд.
Бо мақсади амалигардонии рушди устувори соҳаи чорводорӣ ва мусоидат дар таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти хушсифату рақобатпазири ватанӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Барномаи маҷмуавии рушди соҳаҳои чорводорӣ, паррандапарварӣ, моҳипарварӣ ва занбӯриасалпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027» аз 1 марти соли равон қабул гардид, ки ба рушди минбаъдаи соҳаи чорводорӣ, баланд бардоштани маҳсулнокӣ, зиёд намудани саршумор ва истеҳсоли маҳсулот, таъмини аҳолӣ бо гӯшт, шир, тухм, гӯшти моҳӣ, асал ва ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда мусоидат менамояд.
Ба ҳолати 1 ноябри соли равон дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилоят саршумори чорвои калон ба 755 ҳазору 769 сар, чорвои майда- 1,8 миллион сар, паранда- 5,7 миллион сар ва асп- 9 ҳазору 119 сар расонида шуд, ки дар муқоиса нисбат ба нишондиҳандаи ҳамин давраи соли 2022 мутаносибан чорвои калон 31 ҳазору 888 сар, моли майда 84 ҳазору 788 сар ва асп 296 сар зиёд гардидааст.
Дар Фестивал-намоиши чорвои зотӣ ба чорводорони беҳтарини шаҳру ноҳияҳои вилоят туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд








Байни Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ва Корпоратсияи саҳомии молиявии «Система»-и Русия Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Дар Бонки миллии Тоҷикистон бо иштироки коршиносони байналмилалии IFSB ҳамоиш баргузор гардид
Байни Палатаи ҳисоби Тоҷикистон ва Идораи аудити давлатии Гурҷистон Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо рафти кишти такрорӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Дар Душанбе вохӯрии якуми Шурои кории Тоҷикистону Қирғизистон баргузор гардид
Татбиқи «Стратегияи рушди соҳаи алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» баррасӣ гардид
Масъалаи таҳвили нафт ва маҳсулоти нафтӣ аз Эрон ба Тоҷикистон баррасӣ шуд
Сарвазири Гурҷистон аз Намоишгоҳи молу маҳсулоти кишоварзӣ ва саноати хӯроквории Тоҷикистон боздид намуд
Дар Бишкек масъалаи татбиқи лоиҳаи Хати лӯлаи гази транзитии «Осиёи Марказӣ – Чин» баррасӣ шуд
Байни Тоҷикистон ва Гурҷистон Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Муколамаи вазирони энергетика дар қолаби «Русия + Осиёи Марказӣ» баргузор шуд
Байни Тоҷикистон ва Гурҷистон Созишнома ҳамкорӣ дар соҳаи алоқаи ҳавоӣ ба имзо расид






