Фонди саудии рушд барои сохтмони НБО-и «Роғун» 100 миллион доллари ИМА қарзи боимтиёз ҷудо менамояд
ДУШАНБЕ, 02.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. Сафири Фавқулода ва Мухтори Подшоҳии Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Валид ибни Абдурраҳмон Ар-Решайдон дар нишасти матбуотӣ, ки 1 ноябр дар шаҳри Душанбе бо иштироки намояндагони воситаҳои ахбори омма баргузор гардид, иттилоъ дод, ки Фонди саудии рушд барои сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун» дар ҳаҷми 100 миллион доллари ИМА қарзи боимтиёзи рушд ҷудо менамояд.
Дар идомаи нишасти матбуотӣ Валид ибни Абдурраҳмон Ар-Решайдон изҳор дошт, ки «лоиҳаи сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун» зери роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ мегардад ва бузургтарин лоиҳа дар минтақа ба шумор меравад. Ин лоиҳаи ҳаётан муҳими рушд бо аҳамият ба масъалаи муҳити зист дар раванди рушди босуботи мамлакат тавассути истифодаи самараноки захираҳои табиӣ, аз ҷумла энергияи «сабз» саҳми бузург мегузорад».
Бояд гуфт, ки маблағе, ки барои сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун» ҷудо мешавад, 50 фоизи ҳаҷми умумии маблағҳои тақдимнамудаи ин Фондро аз оғози фаъолияти он дар Тоҷикистон (соли 2002) ташкил медиҳад.
Дар нишасти матбуотӣ изҳор шуд, ки ҷудо намудани маблағ таваҷҷуҳи хоссаи Ҳукумати Шоҳигарии Арабистони Саудиро ҷиҳати дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар амалисозии лоиҳаҳои рушди стратегии ояндадори мамлакат инъикос менамояд.
Ёдовар мешавем, ки 6 октябри соли равон Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди саудии рушд оид ба маблағгузории марҳилаи панҷуми лоиҳаи «Сохтмон ва таҷҳизонидани мактабҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» Созишнома ба имзо расониданд. Тибқи ин созишнома, Фонди саудии рушд ба маблағи 20 млн доллари ИМА қарзи рушд ҷудо намуд. Умуман, аз 195 млн доллари ИМА, ки Фонди рушди саудӣ дар Тоҷикистон маблағгузорӣ намудааст, 95 млн доллари ИМА ба бахши маориф рост меояд.
АМИТ «Ховар» қаблан иттилоъ дода буд, ки Шоҳигарии Арабистони Саудӣ барои таҳсили шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар риштаҳои маориф, менеҷмент ва идоракунӣ, иқтисодиёт, IT-технологияҳо, аграрӣ, техникӣ ва муҳандисӣ, табиӣ ва риёзӣ ва соҳаи фарҳанг бурсия ҷудо намудааст.
А. САНГЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС аз АМИТ «Ховар»








35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛ ВА МАРҲИЛАИ НАВИ РУШД. Барои ҷомеаи муосири мо ин се даҳсола асри таҳаввулоти ҷиддии фикрӣ, технологӣ ва менеҷмент ба шумор меравад
35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛИИ ТОҶИКИСТОН. Дар Бадахшон иқтидори энергетикӣ ба 70 МВт расонида шуд
Ҳавопаймои хатсайри Душанбе–Минск бо маросими анъанавӣ истиқбол гирифта шуд
Покистон тасмим гирифтааст, ки ҳамкориро бо Тоҷикистон дар соҳаи сайёҳӣ густариш диҳад
Моҳи сентябр дар Тоҷикистон панҷумин Форуми Осиёи Марказӣ оид ба пиринг ва пайвастшавӣ доир мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ АНГИШТКАНОН. Истихроҷи ангишт то ба 3 миллион тонна расонида мешавад
Дар хоҷагии деҳқонии «Боғи Сомон»-и шаҳри Турсунзода мавсими тайёр кардани мавиз оғоз гардид
Рақамикунонӣ — омили муҳими рушди бехатарии озуқаворӣ дар сарҳад ва нақлиёт
Ширкати «Жонгшан»-и Чин дар Тоҷикистон ҳавзҳои муосири моҳидорӣ бунёд менамояд
«РОҒУН» — РАМЗИ ҚУДРАТИ ЭНЕРГЕТИКИИ ТОҶИКИСТОН ДАР АРСАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Андешаҳо дар ин маврид
Ҷиҳати пешгирии таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисодиёти миллӣ ҷаласа баргузор гардид
«СИЁСАТИ НУРАФЗО». Таҳти ин унвон доир ба нақши Пешвои миллат дар рушди соҳаи энергетика китоби нав ба нашр расид






