«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Номинатсияи «Адабиёти ҷаҳон»-и ин озмун забондонҳоро муаррифӣ менамояд

Ноябрь 3, 2023 10:11

ДУШАНБЕ, 03.11.2023. /АМИТ «Ховар»/. Рӯзи панҷум аст, ки дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» идома дорад, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».

Тибқи низомнома он аз рӯйи 6 номинатсия баргузор мешавад. Аз ҷумла, номинатсияи адабиёти кӯдакон ва наврасон дар 2 зерноминатсия байни хонандагони синфҳои ибтидоӣ (синфҳои 1-4) ва хонандагони синфҳои болоии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфҳои 5-11) ва ибтидоии касбӣ (синфҳои 10-11) баргузор мешавад. Ҳамчунин номинатсияи адабиёти ҷаҳон  бо 1 зерноминатсия, бо назардошти хусусияти синнусолӣ байни хонандагони синфҳои ибтидоии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфҳои 1-4) дар алоҳидагӣ баргузор мегардад.

Тавре қаблан хабар дода будем, озмун 30 октябр оғоз гардида,  то 15 ноябр идома меёбад. Аз ҷумла, байни хонандагони синфҳои 1 то 4-и муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ аз 30 октябр то 2 ноябр, байни хонандагони синфҳои 5 то 11-и муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва ибтидоии касбӣ то 5 ноябр, донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ (бакалавр, магистр) ва докторантҳои муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва илмӣ то 10 ноябр, омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсил, ходимони илмию адабии муассисаҳои илмиву эҷодӣ, фарҳангу санъат, калонсолон ва намояндагони ксбу кори гуногун то 13 ноябр идома меёбад.

14 ноябр иштирокчиён барои дарёфти Шоҳҷоизаи озмун донишу маҳорат ва истеъдоду малакаи худро нишон медиҳанд.

15 ноябр маросими супоридани ҷоизаҳо ба ғолибони озмун дар назар дошта шудааст.

Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» соли панҷум аст, ки дар мамлакат таҳти сарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор мегардад. Дар озмун ҳамасола довталабони зиёд иштирок ва ба дарёфти наврасону ҷавонони лаёқатманд мусоидат менамоянд.

Донишҷӯйи курси якуми Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода Саёҳат Ҳасанова, ки донандаи забонҳои русиву англисӣ  буда, ҳамзамон ба омӯзиши забони фаронсавӣ машғул аст, дар номинатсияи «адабиёти ҷаҳон» иштирок дорад. Тавре ӯ дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз дошт, барои иштирок дар озмун тайёрии ҷиддӣ дида, беш аз 600 асар ва 1000 мисраъ шеър аз бар намудааст. «Кӯшиш менамоям, ки дар озмун бо забонҳои гуногун донишу маҳорати худро ба ҳайати ҳакамон нишон диҳам. Зеро тақозои замони муосир ҳамин аст, ки ҳар фарди ҷомеа бояд забонҳои гуногунро аз бар намуда, аз илми ҷаҳон бохабар бошад», -гуфт ӯ.

Ӯ иброз медорад, ки ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон наврасону ҷавонон ва ҳатто калонсолону хурдсолонро дар сар то сари мамлакат ҳавасманд намуд ва онҳо имрӯз бо завқи баланд ба мутолиаи китоб машғул мебошанд.

«Бо шукрона аз ваҳдату оромии Тоҷикистон гузаронида шудани чунин чорабиниҳо боиси сарбаландии мо ҷавонон буда, бояд ҷавобан ба ин дилсӯзӣ ва иқдоми наку бештар омӯзем, сулҳу суботи мамлакатро таҳким бахшем ва донишҳоямонро дар амал татбиқ намоем», -гуфт ӯ.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Ноябрь 3, 2023 10:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Соли 2027 дар Тоҷикистон Форуми VI байналмилалии ҷавонони эҷодкор доир мегардад
Кулолгар Фозил Носиров: «Армуғонҳо бояд Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ намоянд»
ШАБИ ЯЛДО. Имрӯз дар Тоҷикистон зимистони астрономӣ фаро мерасад
Дар Душанбе маҳфили адабии нависанда, драматург, тарҷумон ва публисист Мансур Суруш доир гардид
Дар «Тоҷикфилм» лоиҳаҳои синамоӣ рӯнамоӣ мегарданд
Баргузории рӯзҳои фарҳанг байни Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ шуд
Қасри фарҳанги ноҳияи Шамсиддини Шоҳин ба номи Давлатманд Хол гузошта шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Айнӣ Маркази фарҳангию фароғатӣ сохта мешавад
ҲАР ОН КАС КИ ШОҲНОМАХОНӢ КУНАД. Андешаҳои профессор Нуралӣ Нурзод вобаста ба баргузории озмуни «Шоҳномахонӣ»
Дуғдоғи беозору зебо «Парандаи сол-2025» дар Тоҷикистон интихоб шуд
Дар Самарқанд спектаклҳои «Хунхори Торросӣ» ва «Агар ҷанг намебуд» намоиш дода мешаванд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Миср дар самти таҳқиқ ва омӯзиши мероси таърихию фарҳангӣ густариш меёбад