ФУТБОЛ. Дастаҳои мунтахаби наврасони Тоҷикистон ва Русия дар Душанбе бозиҳои дӯстона баргузор менамоянд
ДУШАНБЕ, 11.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар рӯзҳои Федератсияи байналмилалии футбол (ФИФА) дар моҳи ноябр дар шаҳри Душанбе силсилабозиҳои дӯстона байни дастаҳои мунтахаби наврасони Тоҷикистон ва Русия баргузор мешаванд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дастаи наврасони Тоҷикистон (U-17) оид ба футбол 17 ва 20 ноябр бо ҳамсолони худ аз Русия вохӯриҳои дӯстона баргузор менамояд.
Дастаи дигари мо- мунтахаби наврасони то 15-сола низ 18 ва 21 ноябр бо ҳамсолони худ аз Русия рақобатҳои санҷишӣ анҷом медиҳад.
Ҳамаи бозиҳо дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе баргузор мегарданд.
Бозиҳои дӯстона
17 ноябр (ҷумъа)
Оғоз – соати 18:00
ТОҶИКИСТОН (U-17) – Русия (U-17)
Душанбе, Варзишгоҳи марказӣ
18 ноябр (шанбе)
Оғоз – соати 18:00
ТОҶИКИСТОН (U-15) – Русия (U-15)
Душанбе, Варзишгоҳи марказӣ
20 ноябр (душанбе)
Оғоз – соати 11:00
ТОҶИКИСТОН (U-17) – Русия (U-17)
Душанбе, Варзишгоҳи марказӣ
21 ноябр (сешанбе)
Оғоз – соати 11:00
ТОҶИКИСТОН (U-15) – Русия (U-15)
Душанбе, Варзишгоҳи марказӣ
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон
Хабарҳои дигари ин бахш
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд








ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад






