Хадамоти оташнишонӣ дар муассисаҳои тандурустию таълимии шаҳри Хоруғ санҷиши вазъи бехатарӣ аз сӯхтор гузаронид
ХОРУҒ, 26.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. Кормандони қисми 16-уми Хадамоти оташнишонии шаҳри Хоруғ барои ҳаматарафа омода намудани идораву муассисаҳои шаҳр ба фасли зимистон ва пешгирӣ аз сӯхтор дар ҳамкорӣ бо Маркази “Ёрии таъҷилӣ”-и шаҳр дар бинои Маркази «Нур», ки дар он кӯдакони имконияташон маҳдуд ба табобату таълим машғул мебошанд, машқи тактикӣ баргузор намуданд, хабар медиҳад мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Файз Мирасан.
Мутобиқи барнома, бо гирифтани хабари таъҷилӣ гурӯҳҳои наҷотдиҳии қисми 16-уми Хадамоти оташнишонии шаҳри Хоруғ ва табибони маркази “Ёрии таъҷилӣ”-и шаҳр дар муддати кӯтоҳ дар назди бинои Маркази «Нур» ҳозир шуданд.
Баъди ба ҷои ҳодиса ҳозир шудан муовини қисми 16-уми Хадамоти оташнишонии шаҳр Абдураҳмон Мулкамонзода гурӯҳҳои наҷотдиҳиро бо вазъияти ба амал омада, тарзи кӯч додани одамон, хомӯш намудани манбаи асосии сӯхтор шинос намуд.
Бояд гуфт, ки маркази «Нур» ба кӯдакони имконияташон маҳдуд кумаки тиббӣ мерасонад ва ин қишри осебпазири ҷомеа буда, дар ҳар гуна офатҳои табиию техногенӣ ба кумаки бештар ниёз дорад. Баъди шиносоӣ бо нақшаи тахлияи бино гурӯҳи махсус пайи наҷоти кӯдакон ва табибони ин марказ шуд.
Як гурӯҳи кормандон табобатгирандагонро аз табақаҳои поён ба воситаи дари асосӣ берун бароварда, онҳоеро, ки дар табақаҳои болоӣ дар монда буданд, ба воситаи нардбону танобҳои махсус ба замин интиқол медоданд.
Дар ин ҷо зарардидагон ва нафарони аз сӯхтор наҷотёфтаро табибони Маркази ёрии таъҷилии тиббӣ интизор буданд ва сари вақт ба онҳо ёрии аввалини тиббӣ мерасонданд. Табибон вазъи сиҳатии зарардидагонро ҳаматарафа санҷида, онҳоро барои табобати минбаъда ба беморхона интиқол медоданд.
Муовини сардори қисми 16-уми Хадамоти оташнишонии шаҳри Хоруғ Абдураҳмон Мулкамонзода гуфт, ки ҳадафи баргузор намудани машқҳои тактикӣ, агар аз як сӯ санҷидани маҳорату малакаи гурӯҳи наҷотдиҳӣ ҳангоми сӯхтор бошад, аз сӯи дигар, масъулияти муассисаҳои тандурустиро дар риояи қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор бештар месозад.
АКС: АМИТ «Ховар»








Форуми байналмилалии ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор Тоҷикистонро чун давлати дорои иқтисоди сабз ва рақамӣ муаррифӣ менамояд
«МегаФон Life»: чӣ тавр аз Русия метавон бо манфиат занг зад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони шаҳри Турсунзода тарғибгари либоси миллӣ мебошанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад






