ИҚТИДОРИ РОҲБАРИИ ЗАНОНИ ХИЗМАТЧИИ ДАВЛАТӢ. Намояндаи Тоҷикистон дар машварати омӯзишӣ дар Пекин иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 03.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. Аз 11 то 31 октябр дар шаҳри Пекини Ҷумҳурии Мардумии Чин машварати омӯзишӣ оид ба рушди иқтидори роҳбарии занони хизматчии давлатӣ барои давлатҳои рӯ ба рушд баргузор гардид, ки дар он мудири бахши сомонаи дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Гулнигор Шукурзода маъруза намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи иҷроияи ҳизб хабар медиҳад.
Гулнигор Шукурзода иброз дошт, ки Тоҷикистон давоми солҳои соҳибистиқлолӣ доир ба масъалаи баланд бардоштани нақши зан дар ҷомеа ва рушди иқтидори роҳбарии онҳо якчанд барномаҳо ва ташаббусҳоро амалӣ намуд. Дар ин самт таҷрибаи давлатҳои рӯ ба тараққӣ, аз ҷумла Ҷумҳурии Мардумии Чин намунаи беҳтарин маҳсуб мешавад.
Ӯ таъкид дошт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона буда, дар он ҳуқуқу озодиҳои ҳар шахс ҳамчун арзиши олӣ аз ҷониби давлат ҳифз мешавад.
Дар ин замина Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баланд бардоштани нақши занон дар ҷомеа» дар соли 1999 воқеан инқилобӣ гардид. Ин фармон ба вазифаҳои роҳбарикунандаи кумитаҳои давлатӣ, идораҳо, сохторҳои давлатӣ, адлия ва прокуратура таъйин намудани занонро пешбинӣ менамояд.
Дар масъалаи баланд бардоштани нуфузи зан дар ҷомеа ва амалӣ гардидани якчанд қонуну стратегияҳо дар ин самт дастур ва супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши назаррас доранд.
Сарвари давлат ҳамеша ба заковати азалӣ ва неруи созандаи занони фарзонаю оқили тоҷик такя менамоянд, зеро онҳо дар татбиқи рисолати аслии худ- таҳкиму устувор гардонидани хонадон, тарбияи шоистаи фарзандони соҳибмаърифату боодоб, бонангу номус ва ватандӯсту худшинос саҳми босазо мегузоранд.
АКС: Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон








Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Федератсияи Русия бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Душанбе масъалаи ифлосшавии ҳавои атмосферӣ дар мамлакат баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ иқдоми нав амалӣ мегардад
Тоҷикистону Чин дар бахши тандурустӣ Ёддошти ҳамкории сеҷониба ба имзо расониданд
«БАҲОРИ ҶАВОНӢ — НАВРӮЗИ ҶАҲОНӢ». Дар вилояти Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон оғоз гардид
МАСЪУЛИЯТ БАРОИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ КӮДАК. Судяҳои ноҳияи Фирдавсӣ бо волидону хонандагон вохӯрӣ намуданд
Дар Душанбе оид ба нақши занон дар эҳёи суннатҳои наврӯзӣ форуми байналмилалӣ баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расонида шуд
Пагоҳ Форуми байналмилалии «Нақши занон дар эҳёи суннатҳои наврӯзӣ» доир мегардад
«ЗАБОНИ МО – ҶАҲОНИ МО». Дар Тоҷикистон Анҷумани сеюми забоншиносон баргузор мегардад
Қабули мавод ба Озмуни ҷумҳуриявии «Эмомалӣ Раҳмон — бунёдгузори Ваҳдати миллӣ» то охири моҳи май идома меёбад
СОЗТАРОШӢ. Созтарошон фарҳанги мусиқии миллӣ ва мероси ниёгонро зинда нигоҳ медоранд






