КОНСТИТУТСИЯ — БАХТНОМАИ МИЛЛАТ ВА САНАДИ САРНАВИШТСОЗ! Дар шаҳри Бӯстон Рӯзи Конститутсия бошукуҳ таҷлил гардид
ДУШАНБЕ, 06.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. 4 ноябр дар шаҳри Бӯстон ба ифтихори Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тантанаи идона баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ “Ховар” дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон хабар доданд.
Дар чорабинӣ роҳбарият ва намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хизматчиёни давлатӣ, собиқадорони ҷангу меҳнат, афсарону сарбозон, кормандони касбу кори гуногун, фаъолон ва аҳли ҷамоатчигии шаҳр иштирок намуданд.
Таъкид карда шуд, ки дар замони муосир яке аз нишонаҳои муҳими давлатдорӣ ин доштани рамзҳои муқаддас, алалхусус Конститутсия буда, маҳз дар он масъалаҳои муҳимтарини давлатдорӣ ва арзишҳои эътирофнамудаи башарӣ мустаҳкам мегардад. Бинобар ин, шаклу сохти ҳар давлат, арзишҳои меҳварии ҳар ҷомеа, сатҳи тараққиёти давлатӣ, рушди қонунгузорӣ ва самаранокии танзими муносибатҳои ҷамъиятӣ маҳз аз моҳияти Конститутсия вобастагӣ дорад.
Маҳз дар натиҷаи фаъолияти шабонарӯзии Ҳукумати мамлакат зери роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пуштибонии мардуми Тоҷикистон ва дар асоси ин меъёри конститутсионӣ дар як давраи нисбатан кӯтоҳи таърихӣ сохти конститутсионӣ барқарор гардид ва дар мамлакат сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ, амният ва тартиботи ҳуқуқиву ҷамъиятӣ таъмин карда шуд.
Фазои орому осоишта, дар навбати худ, барои рушди бонизому устувори иқтисодиву иҷтимоӣ дар мамлакат шароит фароҳам овард.
Маҳз чунин шарту шароит ба он мусоидат намуд, ки дар мамлакат, алалхусус дар шаҳри Бӯстон даҳҳо корхонаи хурду миёна ва бузурги саноатӣ сохта, ба истифода дода шуд, барои сокинони шаҳр садҳо ҷойи нави корӣ муҳайё гардид ва сатҳи зиндагии сокинони шаҳр зина ба зина рӯ ба беҳбудӣ ниҳод.
Аҳамияти ҳуқуқии Конститутсия дар он ифода мегардад, ки он ҳамчун ҳуҷҷати заминавӣ эътироф гардида, маҳз дар асоси он низоми қонунгузорӣ ташаккул меёбад ва барои танзими муносибатҳои гуногуни ҷамъиятӣ равона мегарданд. Дар баробари ин, муҳимтарин арзишҳои умумибашариро маҳз Конститутсия дар худ мустаҳкам менамояд, ки минбаъд дар раванди қабул ва татбиқи қонунҳо дар мадди назар қарор додани онҳо барои субъектони ваколатдори давлатӣ ҳатмӣ мебошад.
Дар идомаи чорабинӣ бахшида ба 29-солагии Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба як қатор фаъолони шаҳр ифтихорнома ва сипосномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон тақдим карда шуд.
Баъдан барномаи рангини аҳли фарҳанги шаҳр бо фарогирии шеъру сурудҳои дилнишин дар васфи Тоҷикистон, оромиву суботи мамлакат, сиёсати инсондӯстонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Конститутсия бо шукуҳи тоза баргузор гардид.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон








МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли хӯроки вазнин боиси авҷи бемории гастрит мегардад
«ПУЛИ ҲУШМАНД». Бо амалӣ гардидани ин барнома қонуншиканӣ ё истифодаи нафақаи шахси фавтида аз байн рафт
Дар шаҳри Бохтар бо иштироки собиқадорони соҳаи тандурустӣ ҳамоиш доир шуд
Дар Тоҷикистон беш аз 200 нафақагири аз садсола боло зиндагӣ мекунад
Дар ноҳияи Шоҳмансур Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 хароҷоти суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа беш аз 5 миллиард сомониро ташкил дод
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Шумораи сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ зиёд гардида, бекоршавии ақди никоҳ коҳиш ёфтааст
«Барномаи рушд ва рақамикунонӣ дар мақомоти иҷрои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Барои риоя накардани танзими ҷашну маросим 1268 нафар беш аз 10 миллион сомонӣ ҷарима супориданд
ИМРӮЗ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПЕШГИРИИ ЭКСТРЕМИЗМИ ХУШУТАНОМЕЗ. Пешгирии ин зуҳурот омили муҳими таъмини амнияти ҷомеа аст
Дар Душанбе оид ба моддаҳои психотропӣ ва таъсири онҳо ҷаласаи корӣ баргузор гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Конгресси байналмилалии Москва оид ба рушди хизмати давлатӣ иштирок намуданд






