Корхонаи «Файзи баракат» ба Ҷумҳурии Мардумии Чин равған содирот менамояд
ДУШАНБЕ, 01.11.2023. /АМИТ «Ховар»/. Чанд рӯз пеш директори Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Файзи баракат» Давлаталӣ Ҷӯрабеков ва роҳбари Ширкати чинии «Синзян Мадина Интернешнл Логистик груп Ко лимитед» Кунугули Махачи барои содироти равғани корхона ба Ҷумҳурии Мардумии Чин ба маблағи 5 миллион доллари амрикоӣ созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонданд. Дар ин хусус 31 октябр зимни ба истифода додани Корхонаи равғанбарории Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Файзи баракат» дар пойтахт, ки бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ доир гардид, иттилоъ дода шуд.
Корхонаи мазкур аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Файзалӣ Ҳоҷиев дар масоҳати 1 гектар бунёд шуда, дар як шабонарӯз 70 тонна ва дар як моҳ 2100 тонна навъҳои гуногуни равғани босифат истеҳсол менамояд. Дар ин ҷо 50 сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардида, оянда бо афзун намудани ҳаҷми иқтидори истеҳсолӣ шумораи коргарон ба 100 нафар расонда мешавад.
Корхона аз ҳисоби даромади софи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Файзи Сомон» бунёд гардида, иқтидори солонаи он истеҳсоли 25 ҳазор тонна равғанро ташкил медиҳад. Дар он аз пахта, маъсар, лӯбиё ва офтобпараст равған истеҳсол ва дар зарфҳои гуногуни пластикӣ ҷой карда мешавад. Коргарони корхона маҳсулоти худро ба сокинон бо нархи дастрас ва нисбат ба бозор арзон пешкаш менамоянд.
Дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Файзи баракат» раванди истеҳсолот асосан аз чанд марҳила, ба монанди ҷабиши сард, софкунӣ, безараргардонӣ, ширинкунӣ ва банду басти зарфҳои гуногунҳаҷми аз 1 то 20 литраро дар бар мегирад. Маҳсулоти тавлидшуда аз лиҳози сифат ба стандартҳои ҷаҳонӣ ҷавобгӯ мебошад.
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»








Душанбе мизбони Конфронси 35-уми Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ мегардад
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи энергетика баррасӣ шуд
Пешвои миллат: «Кишоварзон бояд аз ҳар рӯзи мусоиди фасли баҳор истифода баранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Кишоварзонро зарур аст рӯзҳои мусоиди баҳориро самаранок истифода намоянд»
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил гардид
Дар Душанбе истифода ва ҳифзи захираҳои обии мамлакат дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ гардид
Ҷаласаи сеюми Гурӯҳи кории муштараки Тоҷикистону Покистон оид ба савдо, сармоягузорӣ ва нақлиёт баргузор шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ба Эъломияи Кейптаун ҳамроҳ шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Восеъ сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад
Дар Душанбе натиҷаҳои COP30 ва раванди такмилсозии NDC 3.0-и Тоҷикистон баррасӣ гардид
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Дар ноҳияи Деваштич Маркази ҷумҳуриявии инноватсия ва технологияҳо дар соҳаи картошкапарварӣ таъсис дода мешавад






