ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲОИ ОСИЁ: Бозии дастаҳои Истиқлол» ва «Персеполис» мусовӣ анҷом ёфт
ДУШАНБЕ, 07.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 7 ноябр дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе бозии даври чаҳоруми Лигаи чемпионҳои Осиё-2023/24 байни дастаҳои «Истиқлол» (Тоҷикистон) ва «Персеполис» (Эрон) баргузор гардид.
Тавре мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, бозӣ бо ҳисоби 1 бар 1 анҷом ёфт.
Ёдовар мешавем, ки 24 октябр дар шаҳри Теҳрон бозии даври сеюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи чемпионҳои Осиё-2023/24 дар гурӯҳи «Е» байни дастаҳои футболи «Персеполис»-и Эрон ва «Истиқлол»-и Тоҷикистон баргузор гардид. Ин бозӣ бо ҳисоби 2 бар 0 ба нафъи дастаи футболи «Персеполис»-и Эрон анҷом ёфта буд.
Вохӯриҳои боқимондаи дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе
27 ноябр | Даври 5
«Ал-Дуҳайл» (Қатар) – «Истиқлол» (Тоҷикистон)
5 декабр | Даври 6
«Истиқлол» (Тоҷикистон) – «Ал-Наср» (Арабистони Саудӣ)
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон








Дар «Tbilisi Grand Slam- 2026» оид ба гӯштини ҷудо аз Тоҷикистон ҳафт варзишгар иштирок менамояд
Дар Данғара бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Дастаи мунтахаби то 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар чемпионати CAFA-2026 иштирок мекунад
Дар Душанбе қуръакашии тақвими Лигаи якуми Тоҷикистон-2026 оид ба футбол баргузор шуд
Варзишгари тоҷик дар Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми қавитанҳо» соҳиби медали тилло гардид
ФУТБОЛ. Наврӯз Воҳидов ва Фаридун Маҳмадиев аз ҳаққи доварӣ маҳрум карда шуданд
Варзишгари тоҷик Махсатулло Муъминов дар мусобиқаи байналмилалии каратэ-до дар Русия соҳиби медали тилло гардид
Дар Душанбе бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Parimatch Tajikistan ва дастаи футболи «Истаравшан» ҳамкории муштаракро оғоз карданд
Ғолибони даври якуми Чемпионати Тоҷикистон-2026 оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ муайян шуданд
Дар ноҳияи Ёвон ғолибони мусобиқаи байналмилалӣ аз рӯи гӯштини ҷудо қадрдонӣ карда шуданд
PARIMATCH TAJIKISTAN ва КФ «Хуҷанд» оғози шарикии бузургро эълон карданд






