Лоиҳаи «Ташкили таваққуфгоҳҳои музднок, нуқтаҳои барқдиҳанда ва низоми автоматикунонидашудаи бақайдгирии вайронкунии қоидаҳои ҳаракат дар роҳ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» татбиқ мегардад
ДУШАНБЕ, 29.11.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар ҷумҳурӣ Лоиҳаи «Ташкили таваққуфгоҳҳои музднок, нуқтаҳои барқдиҳанда ва низоми автоматикунонидашудаи бақайдгирии вайронкунии қоидаҳои ҳаракат дар роҳ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» татбиқ мегардад. Лоиҳаи мазкур ба воридоти техника ва технологияи муосир, ташаккули низоми видеоназоратӣ, бақайдгирии автоматии вайронкунии қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, коркарди маълумоти автоматии маълумотҳо оид ба бақайдгирии вайронкунии қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, таъмини сатҳи баланди бехатарӣ дар роҳҳои автомобилгард, воридоти маблағ ба буҷети давлатӣ, бунёди рақобати солим дар соҳа ва ташкили ҷойҳои нави корӣ мусоидат хоҳад кард.
Дар ин хусус зимни баррасии масъала «Дар бораи Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Консорсиуми сармоягузорон дар ҳайати Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Нет Солюшенс» ва Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Душанбе Сити Бонк» дар бораи амалӣ кардани лоиҳаи «Ташкили таваққуфгоҳҳои музднок, нуқтаҳои барқдиҳанда ва низоми автоматикунонидашудаи бақайдгирии вайронкунии қоидаҳои ҳаракат дар роҳ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар ҷаласаи Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум, ки 1 ноябри соли равон баргузор гардид, иттилоъ дода шуд.
Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саъдӣ Қодирзода зимни баррасии масъалаи мазкур шарҳ дод, ки барои татбиқи лоиҳаи мазкур сармоягузорӣ дар ҳаҷми то 10 миллион доллар ҷалб гардида, ин амал барои татбиқи «иқтисоди сабз» дар соҳаи нақлиёт, муҳайё сохтани инфрасохтор ва дигар шароити зарурӣ барои истифодаи воситаҳои нақлиёти барқӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ замина мегузорад.
«Ҳамчунин, лоиҳаи мазкур ба доираи амалишавии «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе барои давраи то соли 2025», «Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2028» ва «Стратегияи рушди «иқтисоди сабз» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023 — 2037» мутобиқ мебошад»,-илова кард ў.
Иттилоъ дода шуд, ки мутобиқи банди 3.5 Созишнома барои барқарор кардани хароҷоти маблағгузорӣ, сохтмон, нигоҳубин, истифодабарии мунтазами низом ва гирифтани фоида маблағҳои аз ҳисоби ҷамъоварии ҷаримаҳо барои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, ки ба воситаи низом ба қайд гирифта шудаанд, ҳаққи хизматрасонии таваққуфгоҳҳои музднок, ҳаққи истифодабарии нуқтаҳои барқдиҳанда, инчунин манбаъҳои дигари имконпазир, ки дар доираи лоиҳаи мазкур ташаккул меёбанд, ба тариқи зайл: зернизоми автоматикунонидашудаи бақайдгирии вайронкунии қоидаҳои ҳаракат дар роҳ аз ҳисоби ҷаримаҳо: Ҳукумат — 50% (панҷоҳ фоиз) ва Сармоягузор — 50% (панҷоҳ фоиз); зернизоми ташкили таваққуфгоҳҳои музднок аз ҳисоби ҳаққи хизматрасонии таваққуфгоҳҳои музднок ва ҷаримаҳо дар ҳудуди таваққуфгоҳҳои музднок: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе — 50% (панҷоҳ фоиз) ва Сармоягузор — 50% (панҷоҳ фоиз) амалӣ карда мешавад.
Гуфта шуд, ки дар тамоми давлатҳои тараққикардаи ҷаҳон чунин консорсиумҳои сармоягузорӣ барои рушди иқтисодиёт нақши калидӣ дошта, мушкилии дар ин самт вуҷуддоштаро бартараф месозад.
Ёдовар мешавем, ки 30 сентября соли 2022 «Стратегияи рушди иқтисоди «сабз» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2037» қабул гардид. Ҳаҷми маблағгузории Стратегияи мазкур 21,6 млрд. сомонӣ пешбинӣ шудааст. Ҳадафи рушди иқтисоди «сабз» мутобиқшавӣ ба тағирёбии иқлим, кам кардани партовҳои газҳои гулхонавӣ, истифодаи самараноки захираҳои табиӣ, ҷалби сармоя ва технологияҳои каммасраф мебошад.

Мавриди тазаккур аст, ки коршиносони Ташкилоти СММ оид ба муҳити зист (UNEP) иқтисодиёти «сабз»-ро ба маънои васеаш чунин тарзи фаъолияти хоҷагидорӣ меҳисобанд, ки «ба боло рафтани сатҳи зиндагии одамон ва таъмини адолати иҷтимоӣ мусоидат намуда, ҳамзамон хатарро ба муҳити зист ва харобшавии табиат коҳиш медиҳад».
Ба маънои маҳдудаш иқтисодиёти «сабз»- ро ҳамчун технологияи коркард, истеҳсол ва истифодабарии таҷҳизот барои назорат ва кам кардани партовҳои моддаҳои ифлоскунанда ва газҳои гулхонаӣ, мониторинг ва пешгӯии тағйирёбии иқлим, ҳамчунин технологияҳои энергиясарфакунанда ва энергетикаи барқароршаванда маънидод кардан мумкин аст.
Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз








Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад
МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст






