МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Доктори илмҳои кишоварзӣ Ҳикматулло Назиров: Риоя нагардидани муҳлати кишти зироат сабаби камҳосилӣ мегардад
ДУШАНБЕ, 26.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. Камҳосилӣ ва хуб нашъу намо наёфтани зироати кишоварзӣ дар бисёр ҳолатҳо- ин риоя нагардидани муҳлати кишти зироат ба ҳисоб меравад. Майдонҳое, ки барои кишти зироати кишоварзӣ омода шудаанд, вобаста ба ҷойгиршавии минтақаҳо бояд, ки муҳлати кишти онҳо ҳатман риоя шавад,-чунин гуфт доктори илмҳои кишоварзӣ Ҳикматулло Назиров.
Ба гуфтаи коршинос, айни ҳол гузаронидани кишти картошкаи барвақтӣ ба маврид аст, зеро аҳамияташ дар он аст, ки дар моҳҳои май — июн бозори мамлакат бо картошкаи тару тоза таъмин мегардад. Технологияи парвариши кишти картошкаи барвақтӣ аз картошкаи мавсимӣ фарқ дорад. Марди деҳқон пеш аз кишти картошка бояд заминро хуб омода ва бо нуриҳои минералӣ ва органикӣ таъмин намояд. Нозукии асосии кишти картошка дар он аст, ки фасли сарморо ба назар гирифта, лӯндаҳои картошкаро дар чуқурии 15 ё 16 см дар қаторҳо мешинонем. Инчунин теғаи болои картошка ва ду атрофи лӯндаи картошка бояд ҳамин андозаро дошта бошад.
«Инчунин дар кишти барвақтии картошка лӯндаи шинонидаи картошка бояд аз 40 то 60 граммро ташкил диҳад ва ҳамроҳ бо нуриҳои минералӣ шинонида шавад, то дар фасли сармо зарар набинад. Ҳамчунин дар ҳолати шинонидани лӯлаҳои картошка бояд ҷӯякҳо аз қутби ҷануб ба шимол шинонида шаванд. Дар ҳолати баромадани Офтоб гармӣ бояд ба болои ҳамаи ҷӯякҳо таъсири хуб расонад. Инчунин лӯндаҳо дар ҳолати боришу барфи зиёд ва пас аз баромадани Офтоб бо гармӣ бояд баробар таъмин гарданд. Ин ба сабзиши картошка мусоидат менамояд», -тавсия медиҳад доктори илмҳои кишоварзӣ.
Бояд гуфт, ки кишти тирамоҳии картошка ба хотири ҳосили барвақтӣ гирифтан аз он гузаронида мешавад. Ин аслан дар ноҳияҳои вилояти Хатлон, аз нимаи дуюми моҳи ноябр то 10-15 моҳи декабр идома меёбад. Дар ноҳияҳои тобеи марказ ин маърака метавонад дар ҳамин вақт ва метавонад, ки дар моҳи феврал гузаронида шавад. Ин амал дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва наздикӯҳӣ тавсия дода намешавад.
Ба гуфтаи Ҳикматулло Назиров, дар моҳи август-сентябр кишти барвақтии пиёз гузаронида шудааст ва кишти ояндаи он метавонад ки дар моҳи феврал ба анҷом расад. Дар ин баробар мо метавонем, ки дигар зироати кишоварзӣ, масалан кишти карам, баъдтар кишти сабзиро низ ба роҳ монем ва барои баланд бардоштани ҳосилнокӣ ин кор хеле таъсири муфид мерасонад. Кишти тухмии бисёр дарахтони мевадиҳанда ҳам дар ин фасл имконпазир аст.
«Кишти ҳамаи зироати кишоварзӣ, аз ҷумла тухмиҳои дарахтони мевадиҳанда мураккабии худро дорад. Зеро вақте тухмиҳои дарахтони мевадиҳанда кишт мешавад, мо бояд донем, ки дар кадом муҳлат барои чӣ барвақт онро коштаанд. Фарз кардем, ки агар он тухмиҳои донакдорон зардолу, олу, гелос олу болу, шафтолу бошад, онро метавонем ҳатто дар моҳи сентябр низ кишт намоем, ки он дар зери хок то муҳлати 4-5-6 моҳ ба сабзиш медарояд»,-изҳор медорад ӯ.
Яке аз роҳҳои муфиди ба даст овардани ҳосили хуб дар вақти кишти тирамоҳӣ -гузаронидани корҳои шудгор, мола, нарм намудани замин ва дар ин баробар ворид намудани нуриҳои маъданӣ ва ҳам органикӣ хеле айни муддао аст.
Ҳикматулло Назиров аз он изҳори ташвиш менамояд, ки дар бисёре аз ҷойҳо кори муҳими соҳаи кишоварзӣ, ки кишт аст, риоя намешавад.
«Донистан он зарур аст, ки дар замине, ки кишти зироати тирамоҳӣ гузаронида мешавад, кишти пешина чӣ буд. Инро ба назар гирифта, баъд мо интихоб мекунем, ки кадом зироат баъди кишти фарз кардем, агар ғалладона бошад, юнучқа ё ҷуворимакка бошад, бояд бо интихоби навъҳои зироати кишоварзӣ ба роҳ монда шавад. Дар вақти кишти зироати кишоварзӣ аз ҳам бештар сабзиши алафҳои бегона ба назар мерасад. Дар ин ҳолат тавассути моддаҳои химиявӣ, гербетситҳо мубориза бо онҳо тавсия дода мешавад»,-афзуд коршинос.
Иттилоъ дода шуд, ки то 17 ноябр дар Тоҷикистон кишоварзон 147 601 гектарро шудгор намуда, дар майдони 102 919 гектар кишти тирамоҳӣ ва зироати барвақтӣ гузарониданд. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар 203 гектар, вилоятҳои Суғд- 36895 гектар, Хатлон- 50362 гектар ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дар 15458,8 гектар кишти тирамоҳӣ гузаронида шудааст.
Тавре қаблан иттилоъ дода будем, ҳамасола дар ҷумҳурӣ дар майдони зиёда аз 230 ҳазор гектар, аз он 112 ҳазор гектар дар заминҳои обӣ кишти ғаллаи тирамоҳӣ гузаронида шуда, ба ҳисоби миёна ҳосилнокӣ 35,8 сентнерро ташкил медиҳад. Танҳо аз ҳисоби кишти тирамоҳӣ дар ҷумҳурӣ ҳамасола беш аз 826 ҳазор тонна, аз он дар заминҳои обӣ 464 ҳазор тонна ҳосили ғалладона рӯёнида мешавад.
Бояд гуфт, ки коркарди хок дар асоси талаботи агротехникӣ ба 30 дарсади афзоиши зироати ғалладонагӣ мусоидат менамояд. Ин дар ҳолате амалӣ мешавад, ки техникаҳои кишоварзӣ тибқи таъйиноти пешбинигардида истифода шаванд.
Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»
Акс аз манбаъҳои боз/аз бойгонии муаллиф