Дурнамои муносибатҳои муштараки Тоҷикистон ва Чин дар самти баланд бардоштани гардиши савдо баррасӣ шуд

Ноябрь 7, 2024 11:21

ДУШАНБЕ, 07.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. Вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои муштараки Тоҷикистон ва Чин дар самти баланд бардоштани гардиши савдои мутақобил 5 ноябр дар вохӯрии директори Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳриддин Сироҷиддинзода ва мушовир оид ба масъалаҳои иқтисод ва савдои Сафорати Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Сун Хэ баррасӣ гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Агентии содирот хабар доданд.

Ҷонибҳо ба тақвияти робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ, хизматрасонии логистикӣ, зиёд намудани иқтидори содиротии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба таври замонавӣ банду баст намудани молу маҳсулоти содиротшаванда таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуданд.

Директори Агентии содирот Баҳриддин Сироҷиддинзода иброз намуд, ки Тоҷикистон барои зиёд намудани пешниҳоди маҳсулоти ватанӣ, ки бозорҳои Чин ба он ниёзи зиёд доранд, имконияти бузург дорад. Бахусус ба зардолуи тару хушк, мавиз, омехтаи хушкмева, чормағз, донаи зардолу, арахис, тути хушк, асал, пой ва панҷаи мурғ талабот зиёд аст. Дар робита ба ин зарурати дастгирии истеҳсолкунандагони ватанӣ ва андешидани тадбирҳои иловагии зарурӣ барои ҳамоҳангсозии талаботи меъёрӣ оид ба механизми таъминоти маҳсулот ва аккредитатсияи содироткунандагон дар бозори Чин ба миён омадааст.

Зимни мулоқот паҳлуҳои масъалаҳои таъмини заминаҳои меъёрию ҳуқуқӣ барои васеъ намудани феҳристи содироти маҳсулоти кишоварзии ватанӣ ва маҳсули коркарди он ба Чин, аккредитатсияи содироткунандагони ватанӣ ба сифати таҳвилгарони мустақим ба бозори истеъмолии ин мамлакат, фароҳам овардани шароити техникӣ барои мутобиқ намудани маҳсулоти ватанӣ ба талаботи фитосанитарии Чин, содагардонӣ ва барасмиятдарории гумрукии маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳама гузаргоҳҳои сарҳадӣ, таъсиси озмоишгоҳи аккредитатсияшудаи чинӣ дар гузаргоҳи марзӣ, ҷалби сармояҳои мустақим ба рушди соҳаи агрологистикаи ватанӣ ва ғайра мавриди муҳокимаи ҷонибҳо қарор дода шуданд.

Ҷониби Чин ба ҳалли масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳ изҳори ҳавасмандӣ намуда, барои ба қайд гирифтани содироткунандагони ватанӣ дар феҳристи воридкунандагони Саридораи гумруки Ҷумҳурии Мардумии Чин бо таҳияи дастурамали дахлдор ибрози омодагӣ намуд.

 

АКС: Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ноябрь 7, 2024 11:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» бо иштироки беш аз 30 давлат баргузор шуд
Дар Душанбе симпозиуми ҷамъбастӣ ва форуми муштарак баргузор шуд
Дар шаҳри Норак Фестивали анорпарварон баргузор гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии роҳбарони хадамоти андози кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Дар Душанбе конференсияи байналмилалӣ оид ба рушди илм ва истеҳсолоти кишоварзӣ баргузор гардид
Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон-2026» баргузор мегардад
Дар Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» беш аз 30 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Ҳайати Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон дар «Ҳафтаи бехатарии авиатсионии ИКАО» дар Остона иштирок намуд
Дар Ереван ҳамкории Тоҷикистон бо Арманистон дар самти ҷалби маблағгузории иқлимӣ баррасӣ шуд
Дар шаҳри Гулистон ҳамоиши байналмилалии геологӣ ва конфронси «Micromine-2026» баргузор гардид
Дар Мурғоб стансияи худкори обуҳавосанҷӣ насб гардид
БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ КАБУДИЗОРКУНӢ. Дар татбиқи босамари он саҳми назаррас гузорем