Нависандаи маъруфи Ҷумҳурии Исломии Эрон хонум Ҷамила Содот Аламулҳудо ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ташриф овард
ДУШАНБЕ, 08.11.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи ҳамкории дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Исломии Эрон нависандаи маъруфи Ҷумҳурии Исломии Эрон, пажуҳишгари номвар ва омӯзгори муваффақ, ҳамсари Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон хонум Ҷамила Содот Аламулҳудо ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ташриф овард, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Донишгоҳи миллӣ.
Меҳмони олиқадрро роҳбарияти донишгоҳ ва намояндагони сохторҳои илмию фарҳангӣ истиқбол намуданд. Қаблан меҳмони олиқадр дар намоишгоҳи донишгоҳ бо намунаи дастовардҳои илмию таълимии донишгоҳ шинос гардид.
Сипас вохӯрии ҳайати устодону кормандон ва донишҷӯёни донишгоҳ бо меҳмони олиқадр доир шуд.
Таъкид гардид, ки муносибатҳои илмиву адабӣ ва фарҳангиву сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон дар сатҳи зарурӣ қарор дошта, муносибатҳои илмиву адабӣ дар сатҳи муассисаҳои таълимии ду давлат хусусан дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон густариш ёфтааст.
Бо ташаббус ва дастгирии роҳбарияти Тоҷикистон ва Эрон дар Донишгоҳи миллӣ даҳҳо нафар муҳаққиқону пажуҳишгарон ва унвонҷӯён аз муассисаҳои таълимиву илмии Эрон омада, зери роҳбарии устодони шинохтаи Донишгоҳи миллӣ рисолаҳои илмии хешро дифоъ намудаанд.


Сиёсати хирадмандона ва маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки соли 2021 Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Сайид Иброҳим Раисӣ ба унвони доктори фахрии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон сарфароз гардид, ки мояи ифтихори аҳли бисёрҳазораи олимон ва донишҷӯёни ин донишгоҳ мебошад.
Таъкид кардан ба маврид аст, ки намунаи беҳтарини муносибатҳои дуҷонибаи илмии байнидавлатӣ таъсис ва фаъолияти кафедраи филологияи Эрон дар факултети забонҳои Осиё ва Аврупои Донишгоҳи миллӣ мебошад, ки дар бахши мазкур дар айни ҳол даҳҳо олимону донишмандон ва пажуҳишгарони соҳибном фаъолият доранд ва ба омӯзишу пажуҳиши забону адабиёт ва фарҳангу таърихи Эрон машғул мебошанд. Ҳамчунин дар Донишгоҳи миллӣ бахши форсӣ мавҷуд аст, ки дар он ба донишҷӯён аз забон, адабиёт, таърих, фарҳанг, ҷуғрофия ва дигар масоили марбут ба Ҷумҳурии Исломии Эрон дарс мегӯянд.
Таъкид шуд, ки садҳо нафар олимону пажуҳишгарони тоҷик осори адабии шоирону нависандагон ва муҳаққиқони эрониро ба риштаи таҳқиқ кашида, ҳунару истеъдод ва арзиши волои осори эшонро ба дӯстдорони шеъру адаби форсӣ расонидаанд.

Гуфта шуд, ки ташрифи хонум Ҷамила Содот Аламулҳудо ҳамчун як чеҳраи илмиву фарҳангӣ, муҳимтар аз ҳама, ҳамчун омӯзгору мударрис дар самти муносиботи байнидавлатӣ саҳифаи наве боз намуда, барои муҳаққиқзанони Тоҷикистон, бахусус занони Донишгоҳи миллӣ такони ҷиддӣ дар самти машғул гаштани онҳо ба пажуҳиши корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ мегардад.
Хонум Ҷамила Содот Аламулҳудо зимни суханронӣ аз рушди муносибатҳои дӯстонаи Ҷумҳурии Исломии Эрон бо Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори андеша намуда, дар самти омӯзишу таҳқиқ ва иҷрои пажуҳишҳои тоза ибрози андеша намуд. Зимнан гуфта шуд, ки яке аз масъалаҳои меҳварии пажуҳиши муосир масъалаи занон ва мавқеи онҳо дар ҷомеа мебошад. Дар ин самт корҳои илию эҷодӣ анҷом додан талаботи замон мебошад.
Дар идомаи мулоқот китоби хонум Ҷамила Содот Аламулҳудо — «Санъати зиндагии занон» рӯнамоӣ гардид. Гуфта шуд, ки ин китоб тозанашр буда, дар он нақши занон дар ҷомеа ҳамаҷониба таҳлил гаштааст. Китоби «Санъати зиндагии занон» аз 8 боб иборат буда, мавзуъҳои мавқеи зан дар рушди давлат, зан – зебоӣ, зан — ободӣ ва монанди инҳоро дар бар мегирад.
Тоҳир САИД (АКС),
АМИТ «Ховар»








Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон доир ба пажуҳиши илмӣ ва усулҳои ба роҳ мондани он ҳамоиш доир шуд
Академияи идоракунии давлатии Тоҷикистон бо Ҷамъияти ҳуқуқшиносони Шанхай ҳамкориро тақвият медиҳад
Сабзалӣ Ҷаъфарзода: «Таъсиси Маркази миллии тестӣ аз ҷумлаи ислоҳоти муҳимми соҳаи маориф дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон аст»
Маркази миллии тестӣ натиҷаҳои озмуни тақсимоти такрории давраи сеюми имтиҳонҳои дохилшавиро эълон намуд
Дар ноҳияи Шаҳристон ба беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбия таваҷҷуҳи хосса дода мешавад
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва Муассисаи фарҳангии АКК Созишнома оид ба омӯзиши забони ҷопонӣ ба имзо расид
Дар шаҳри Ҳисор бинои мактаб, варзишгоҳ ва коргоҳи дӯзандагӣ ба истифода дода шуд
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар шаҳри Кӯлоб 53 бинои муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд
Давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 баргузор мегардад
Дар Душанбе доир ба ташаккули маърифати зиддикоррупсионӣ ҳамоиш баргузор гардид
Донишгоҳи технологии Тоҷикистон соҳиби аккредитатсияи байналмилалии институтсионалӣ гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра дар Бадахшон 300 муассисаи таҳсилоти умумӣ ба истифода дода шуд






