Ғолибони даври ҷумҳуриявӣ оид ба футбол байни донишҷӯён муайян ва қадршиносӣ шуданд

Ноябрь 7, 2023 16:00

ДУШАНБЕ, 07.11.2023. /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон марҳилаи ниҳоии мусобиқаи варзишӣ оид ба футбол байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъбаст ва ғолибону ҷоизадорони мусобиқа дар вазъияти тантанавӣ қадрдонӣ гардиданд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш.

Ёдовар шудан ба маврид аст, ки чорабинӣ дар ҳамкорӣ бо Вазорати маориф ва илм ва Федератсияи футболи Тоҷикистон дар чор марҳила доир гардида, дастаҳое, ки дар сатҳи вилоятҳо, минтақаҳо ва шаҳри Душанбе ғолиб омаданд, имконияти иштирок дар марҳилаи ниҳоии чорабиниро пайдо намуданд.

Дар он ҷойи якум ба Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саймуъмин Раҳимов, ҷойи дуюм ба Донишгоҳи давлатии шаҳри Хуҷанд ва ҷойи сеюм ба Донишгоҳи давлатии шаҳри Бохтар ба номи Носири Хусрав сазовор дода шуд.

Ғолибону ҷоизадорон аз ҷониби муовини Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш бо ҷом, диплом, медал ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ шуданд.

Ёдовар мешавем, ки марҳилаи ниҳоии мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба футбол байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон 31 октябри 2023 дар майдони марказии шаҳри Душанбе оғоз гардида, дастаҳо бо нишон додани маҳорат ва малакаи хуби футболбозӣ соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ шуданд.

АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ноябрь 7, 2023 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд