ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Мактаб-интернатҳои ҷумҳуриявии кӯдакони ятими ноҳияҳои Ёвон, Шаҳринав, Нуробод, Сангвор ба мавсими сармо омода мебошанд

Ноябрь 5, 2023 11:26

ҲИСОР, 05.11.2023. /АМИТ «Ховар»/. Ҷиҳати дар амал татбиқ намудани қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба зимистонгузаронӣ масъулини мактаб–интернатҳои ҷумҳуриявии кӯдакони ятими ноҳияҳои Ёвон, Шаҳринав, Нуробод, Сангвор ва Хона-интернати пиронсолон ва маъюбони ноҳияи Ёвон нақшаҳои пешниҳодгардидаро пурра иҷро намудаанд. Дар ин хусус хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд иттилоъ медиҳад.

Директори Мактаб–интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятими ноҳияи Ёвон Нуқра Ҳасанзода иброз намуд, ки “муассисаи мо бо дастгириҳои Мақомоти иҷҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон ба хати озоди барқи доимӣ пайваст мебошад, ки тариқи бойлерҳои барқӣ хобгоҳҳои ятимон ва синфхонаҳои онҳо бо гармӣ пурра таъмин мешавад. Дар айни замон дар муассиса 5 тонна ангишт, 7 куб ҳезум ва як генератори барқии баландшиддат захира шудааст.  Ҳамчунин  маҳсулоти хӯрокворӣ, аз қабили орд, равған, шакар, биринҷ, картошка, пиёз, сабзӣ ва дигар намуди маҳсулот захира гардида, барои нигоҳ доштани сифати маҳсулот ва омода намудани хӯрокҳои болаззат маҳсулоти хӯроквории тоза давра ба давра ворид  мешавад.

Дар Мактаб–интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятими ноҳияи Сангвор 24 тонна ангишт, 60 куб ҳезум, 100 литр сӯзишвории дизелӣ захира  шудааст. Тибқи иттилои директори ин муассиса  Ёқуб Саидов, дар ин мактаб–интернати ҷумҳуриявӣ 118 тарбиягиранда аз 5 шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд, ки аз ин шумора 40 нафар духтарон мебошанд. Хобгоҳи писарон тариқи буғхона  ва хобгоҳҳои духтарону 11 синфхонаи муассиса  тариқи печкаҳои аловӣ  бо гармӣ таъмин мегарданд.  Дар ин муассисаи дурдасти кӯҳистон имрӯзҳо 9 тонна орд  ва аз ҳисоби самаранок истифода намудани заминҳои назди муассиса 4200 кг картошка, 11 халта лӯбиёгиҳо ва аз ҳисоби дарахтони  назди муассиса ва кумаки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сангвор 1600 кг себу нок захира шудааст.

Ҳоло дар Мактаб–интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятими ноҳияи Нуробод 61 тонна ангишт, 22 метри кубӣ ҳезум, 212 литр сӯзишвории дизелӣ, 13 тонна орд, 1400 кг равған, 300 кг шакар ва дигар маҳсулоти хӯрокворӣ захира шудааст. Масъулини муассиса гуфтанд, ки бо дастгирии соҳибкори маҳаллӣ Ҳоҷӣ Файзалӣ барои духтаракон дар дохили бино беҳтарин ҷойи дасту рӯшӯӣ муҳайё шуда, барои писарон сартарошхона бунёд гардид.

Дар Мактаб–интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятими ноҳияи Шаҳринав имрӯзҳо 180 нафар кӯдакони ятиму бепарастор, маъюбу дорои бемории руҳӣ ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд.  Масъулини ин муассиса гуфтанд, ки дар назди  мактаб-интернат  2,37 га замини хоҷагии ёрирасон ва 11 сар  чорвои шохдори калон мавҷуд аст. Хушбахтона, аз ҳисоби ин говҳо ҳамарӯза тарбиятгирандагон бо хӯроки ширӣ таъмин мебошанд. Ҳамчунин аз ҳисоби  ин хоҷагӣ сабзавот, гандум, лубиёгиҳо ва хӯроки чорво захира шудааст.

Дар айни замон 1500 кг орд, 400 кг равған, 500 кг картошка, 400 кг сабзӣ, 300 кг пиёз, 700 консерва, 24 тонна ангишт, 43 куб ҳезум захира шуда, 62 гармкунаки барқию 12 печкаи аловӣ дар ҳолати корӣ мебошанд.

Дар анборҳои  Хона-интернати пиронсолон ва маъюбони ноҳияи Ёвон барои се вақт бо хӯроки гарм таъмин намудани 119 нафар бошанда 1000 кг картошка, 1300 кг пиёз, 2 тонна орд, 450 литр равған, 300 кг биринҷ, 600 кг шакар ва садҳо банка шарбати меваю шакароб ва бодирингу помидори шӯр захира шудааст.  Ҳамчунин барои таъмини гармидиҳии утоқҳои бошандагон  10 тонна ангишт, 60 куб ҳезум, 300 литр сӯзишвории дизелӣ захира шуда, 98 печкаи барқию 10 печкаи аловӣ омода шудаанд. Ҳамчунин 400 метри мураббаъ шишабандӣ анҷом дода шудааст.

АКС: АМИТ «Ховар»

Ноябрь 5, 2023 11:26

Хабарҳои дигари ин бахш

МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли хӯроки вазнин боиси авҷи бемории гастрит мегардад
«ПУЛИ ҲУШМАНД». Бо амалӣ гардидани ин барнома қонуншиканӣ ё истифодаи нафақаи шахси фавтида аз байн рафт
Дар шаҳри Бохтар бо иштироки собиқадорони соҳаи тандурустӣ ҳамоиш доир шуд
Дар Тоҷикистон беш аз 200 нафақагири аз садсола боло зиндагӣ мекунад
Дар ноҳияи Шоҳмансур Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 хароҷоти суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа беш аз 5 миллиард сомониро ташкил дод
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Шумораи сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ зиёд гардида, бекоршавии ақди никоҳ коҳиш ёфтааст
«Барномаи рушд ва рақамикунонӣ дар мақомоти иҷрои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Барои риоя накардани танзими ҷашну маросим 1268 нафар беш аз 10 миллион сомонӣ ҷарима супориданд
ИМРӮЗ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПЕШГИРИИ ЭКСТРЕМИЗМИ ХУШУТАНОМЕЗ. Пешгирии ин зуҳурот омили муҳими таъмини амнияти ҷомеа аст
Дар Душанбе оид ба моддаҳои психотропӣ ва таъсири онҳо ҷаласаи корӣ баргузор гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Конгресси байналмилалии Москва оид ба рушди хизмати давлатӣ иштирок намуданд