ПЕШГӮИИ ОБУҲАВОШИНОСОН: Дар даҳаи дуюми моҳи ноябр ҳарорати ҳаво рӯ ба пастшавӣ меорад

Ноябрь 2, 2023 14:47

ДУШАНБЕ, 02.11.2023. /АМИТ «Ховар»/. Ҳавои моҳи ноябри имсола ба обу ҳавои моҳи ноябри соли 2015 монанд мешавад. Даҳаи аввали моҳ ҳарорати миёнаи моҳонаи ҳаво дар ҳудуди меъёри иқлимӣ пешгӯӣ шуда, дар водиҳо 8+10 ва дар ноҳияҳои доманакӯҳ 6+7 дараҷа гармиро ташкил медиҳад. Даҳаи дуюми моҳ пастшавии ҳарорати ҳаво дар назар аст. Давоми моҳ тағйирёбии ҳарорати ҳаво пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо шабона аз 3-8 то 10-15 ва дар рӯзҳои алоҳида то 15-20 дараҷа хунукӣ дар назар дошта шудааст. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар ин давра дар вилояти Хатлон ва водиҳои ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳарорати миёнаи моҳонаи ҳаво дар ҳудуди меъёри иқлимӣ пешгӯӣ шуда, дар водиҳо 8+10 ва дар ноҳияҳои доманакӯҳ 6+7 дараҷа гармиро ташкил медиҳад. Дар нимаи аввали моҳ ҳарорати бартариятдоштаи ҳаво шабона 7+12 ва рӯзона 18+23 дараҷа гарм пешгӯӣ мешавад. Дар даҳрӯзаи дуюм ва сеюми моҳ шабона 2+7 ва рӯзона 11+16 дараҷа гармӣ дар назар дошта шудааст. Дар рӯзҳои алоҳида пастшавии ҳарорати ҳаво пешгӯӣ  шуда, шабона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм ва рӯзона то 6+11 дараҷа гармӣ дар назар дошта шудааст. Ҳамчунин дар нимаи дуюми моҳ ба амал омадани борон ва  барфи тар аз эҳтимол дур нест.

Миқдори моҳонаи бориши атмосферӣ дар водиҳо дар ҳудуди меъёри иқлимӣ ва дар баъзе ноҳияҳо аз меъёри иқлимӣ зиёд пешгӯӣ мешавад. Рӯзҳои алоҳида дар баъзе ноҳияҳо шиддатёбии вазиши шамол бо суръати то 15-20 метр дар як сония пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳида туман мефарояд.

Дар вилояти Суғд ҳарорати миёнаи моҳонаи ҳаво дар бештари ноҳияҳо дар ҳудуди меъёри иқлимӣ пешгӯӣ шуда, дар водиҳо 6+7 ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ аз 1 дараҷа хунук то 2 дараҷа гармиро ташкил медиҳад. Дар даҳрӯзаи аввали моҳ ҳарорати бартариятдоштаи ҳаво дар водиҳо шабона 5+10 ва рӯзона 12+17 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 0+5 ва рӯзона 9+14 дараҷа гарм пешгӯӣ мешавад.

Дар даҳрӯзаҳои дуюм ва сеюми моҳ дар водиҳо шабона 2+7 ва рӯзона 8+13 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ  шабона аз 4 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм, рӯзона 4+9 дараҷа гарм мешавад. Дар рӯзҳои алоҳида пастшавии ҳарорати ҳаво дар назар буда, дар водиҳо шабона то -1+4 дараҷа ва рӯзона то 3+8 дараҷа гарм мешавад.  Ба амал омадани борон ва барфи шиддатнокиашон гуногун дар нимаи дуюми моҳ аз эҳтимол дур нест.

Дар минтақаҳои кӯҳии ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳарорати миёнаи моҳонаи ҳаво дар ҳудуди  меъёри иқлимӣ пешгӯӣ шуда, 1+6 дараҷа гармиро ташкил медиҳад. Дар даҳрӯзаи аввали моҳ ҳарорати бартариятдоштаи ҳаво шабона 2+7 ва рӯзона 11+16 дараҷа гармиро ташкил медиҳад. Дар даҳрӯзаҳои дуюм ва сеюми моҳ шабона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм ва рӯзона 6+11 дараҷа гармӣ дар назар аст. Дар рӯзҳои алоҳида пастшавии ҳарорати ҳаво пешгӯӣ шуда, шабона 3-8 дараҷа хунук, рӯзона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм мешавад. Ба амал омадани бориши атмосферии шиддатнокиашон гуногун (дар намуди барф) дар нимаи дуюми моҳ аз эҳтимол дур нест.

Дар Шарқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳарорати миёнаи моҳонаи ҳаво дар ҳудуди меъёри иқлимӣ пешгӯӣ шуда, 10-12 дараҷа хунукиро ташкил медиҳад. Давоми моҳ тағйирёбии ҳарорати ҳаво пешгӯӣ шуда, шабона аз 3-8 то 10-15 дараҷа хунук, дар рӯзҳои алоҳида то 15-20 дараҷа хунук, рӯзона аз 2-7 то 0-5 дараҷа хунук, рӯзҳои алоҳида то 5-10 дараҷа хунукӣ дар назар дошта шудааст.

АКС: Дидор Саъдуллоев

Ноябрь 2, 2023 14:47

Хабарҳои дигари ин бахш

«ПРЕЗИДЕНТИ МО-ИФТИХОРИ МО». Таҳти ин унвон ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангии аъзои ҳизби ноҳияи Фирдавсӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон паёмрасони миллӣ- ORIZ ба фаъолият оғоз намуд
Вазъи беҳтар кардани некӯаҳволии занону духтарон ва солимии репродуктивии онҳо баррасӣ гардид
Ба Раёсатҳои захираҳои оби минтақаҳои ҳавзавии Вахш ва Панҷ нақлиёти нави барқӣ тақдим гардид
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъемоли биҳӣ мушкилоти ҳозима, аз ҷумла қабзиятро кам мекунад
Дар муассисаҳои тандурустии шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон усулҳои нави ҷарроҳӣ гузаронида мешавад
Имсол 39 нафар занони ҳунарманди вилояти Суғд соҳиби гранти президентӣ гардиданд
Дар шаҳри Копенгаген масъалаҳои саломатии кӯдакон ва ҳаёти солим баррасӣ гардид
Дар Душанбе ҷаласаи хотимавии «Муколамаи занони Осиёи Марказӣ» баргузор мегардад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Истироҳатгоҳи «Санги сипар» дар Панҷакент барқарор карда мешавад
Дар Суди Олӣ оид ба нақши Конститутсия дар таҳкими давлати демократию ҳуқуқбунёд конференсия баргузор шуд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия бо иштироки судяҳо конфронси ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ баргузор гардид