Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бо ҷомеаи футболи мамлакат мулоқот анҷом доданд

Ноябрь 4, 2023 09:31

ДУШАНБЕ, 04.11.2023 /АМИТ «»Ховар/. З ноябр Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе, Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо масъулони соҳаи варзиш ва футболи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва роҳбарияти як қатор  вазорату идораҳои мамлакат, инчунин аҳли ҷомеаи футболи ҷумҳурӣ  мулоқот намуданд.

Дар ҷаласа масъалаҳои марбут ба вазъи имрӯзаи футбол дар шаҳру навоҳии мамлакат ва ояндаи варзиши рақами як дар Тоҷикистон баррасӣ гардиданд.

Дар ҷаласа ҳисоботи Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва Раиси вилояти Суғд,  Раиси Федератсияи футболи Суғд Раҷаббой Аҳмадзода шунида шуд.

Вазъи варзишгоҳҳо ва зерсохтори футбол дар вилоятҳои Хатлону Суғд ва шаҳру ноҳияҳои  тобеи ҷумҳурӣ аз ҷониби президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ мавриди интиқод қарор гирифт. Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон ба масъулин ҷиҳати ҳарчӣ зудтар ислоҳ намудани вазъ супоришҳои мушаххас доданд.

Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон аз баромади бошгоҳҳои «Регар-ТадАЗ» ва «Хатлон» дар мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон-2023 изҳори нигаронӣ намуданд. Ин дастаҳо дар мавсими имсолаи Лигаи олии Тоҷикистон баромади бебарор намуда, соли оянда дар лигаи якум ҳунарнамоӣ менамоянд.

«Вақте ки ман ҳамчун бозигар дар «Истиқлол» бозӣ менамудам,  дастаи «Регар-ТадАЗ» рақиби асосии мо дар мубориза барои медалҳои тилло буд. Мутаассифона, ҳоло яке аз бошгоҳҳои серҷоизатарини мамлакат ба Лигаи якуми Тоҷикистон меравад – ин барои роҳбарияти «Регар-ТадАЗ» ва «ТАЛКО» хеле бад ва баҳои паст аст», – гуфтанд Рустами Эмомалӣ дар мулоқот.

«Дастаи шаҳри Бохтар мактаби хуби футбол дорад. Пештар бошгоҳи «Вахш» ном дошт. Чӣ гуна бошгоҳе, ки мактаби хуби футбол дорад ва даҳҳо бозигарро барои дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон тарбият намудааст, ба лигаи якум меравад?», – гуфтанд президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Илова бар ин, Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон дар бораи вазъи бошгоҳҳои футболи Тоҷикистон ҳарф зада, ба роҳбарони вилоятҳо, шаҳру навоҳии мамлакат ҷиҳати зиёд намудани буҷаи дастаҳо, ҷалби сарпарастон ва хайрхоҳон барои дастгирӣ супоришҳо доданд.

Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон ба ҳамаи ҳозирин самтҳои асосии барномаи рушди футболро муаррифӣ намуданд.«Моро лозим аст, ки барои мухлисон шароит муҳайё созем ва шомгоҳон бозиҳои чемпионати Тоҷикистонро баргузор намоем», – таъкид намуданд Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Қабл аз оғози мавсими навбатии футбол дастур дода шуд, ки дар варзишгоҳҳои «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон»-и шаҳри Хуҷанд, «Пахтакор»-и шаҳри Бохтар, Варзишгоҳи марказии шаҳри Истаравшан ва «ТАЛКО-Арена»-и шаҳри Турсунзода чароғҳо насб  шаванд.

Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон ҳамчунин дастур доданд, ки барои ҷалби мухлисон ба варзишгоҳҳо ва ташкили бозиҳои шавқовар барои ҳавасмандии онҳо дар бозиҳои чемпионат чораҳои зарурӣ амалӣ шаванд.

Ҳамчунин  Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон вазифадор гардид, ки дар якҷоягӣ бо Федератсияи футболи Тоҷикистон мусобиқаҳои донишгоҳӣ баргузор намоянд.

Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ аз роҳбарони шаҳру ноҳияҳо, тоҷирон ва хайрхоҳон даъват намуданд, ки ба рушди футбол дар мамлакат таваҷҷуҳи бештар зоҳир намуда, барои  тарбияи футболбозони касбӣ кӯшиш ба харҷ диҳанд.

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Ноябрь 4, 2023 09:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Parimatch Tajikistan ва дастаи футболи «Истаравшан» ҳамкории муштаракро оғоз карданд
Ғолибони даври якуми Чемпионати Тоҷикистон-2026 оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ муайян шуданд
Дар ноҳияи Ёвон ғолибони мусобиқаи байналмилалӣ аз рӯи гӯштини ҷудо қадрдонӣ карда шуданд
PARIMATCH TAJIKISTAN ва КФ «Хуҷанд» оғози шарикии бузургро эълон карданд
Бозии дӯстона байни дастаҳои мунтахаби занонаи Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ мусовӣ анҷом ёфт
ҶОМИ ҶАҲОН ОИД БА БОКС. Аз Тоҷикистон дар ин мусобиқа даҳ варзишгар иштирок мекунад
Дар ноҳияи Данғара фестивали бозиҳои миллӣ бо шукуҳи хосса баргузор шуд
Лигаи футболи Тоҷикистон дар остонаи мавсими нав барои комиссарон семинари омӯзишӣ баргузор кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футболи электронӣ нахустин маротиба дар мусобиқаи FIFAe Nations League иштирок мекунад
Дастаи миллии занонаи Тоҷикистон оид ба футбол бо тими Амороти Муттаҳидаи Арабӣ ду бозии дӯстона доир мекунад
Дастаи миллии занонаи Тоҷикистон оид ба футбол дар Душанбе ба машқҳои дастҷамъона фаро гирифта шуд