Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар шаҳри Ҳисор бо роҳпаймоӣ ва маҷлиси тантанавӣ таҷлил намуданд

Ноябрь 16, 2023 16:14

ҲИСОР, 16.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. 15 ноябр дар шаҳри Ҳисор  бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 31-умин солгарди Иҷлосияи таърихии 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти шиори «Бо Пешвои миллатем» бо иштироки ду насл роҳпаймоӣ ва чорабинии пуршукуҳи тантанавӣ баргузор гардид. Дар ин хусус котиби матбуоти Раиси шаҳри Ҳисор Ҳидоятулло Холзода  ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд иттилоъ дод.

Дар ин роҳпаймоии бузург пиру барнои шаҳр, аз ҷумла намояндагони касбу кори гуногун, собиқадорони ҷангу меҳнат, аҳли зиё, ҷавонону наврасон Парчами давлатӣ, аксҳои Президенти Тоҷикистон, қаҳрамонони Тоҷикистон ва шиорҳои таҷассумгари садоқат ба Президент ва муҳаббат ба Ватани азизу маҳбуб дар даст, бо шукргузорӣ аз фазои орому осоишта ва ифтихору дӯстдории Ватан дар кӯчаҳои марказии Исмоили Сомонӣ, Файзулло Абдуллоев ва Тоҷиддин Муҳиддинов роҳпаймоии идона доир намуда, эҳтирому самимияти худро нисбат ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, муқаддасоти миллӣ ва Иҷлосияи таърихии 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баён намуданд.

Дар идома маҷлиси  тантанавии пуршукуҳ баргузор гардид, ки дар он аз Иҷлосияи таърихии 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои халқи тоҷику тоҷикистониён тақдирсоз ва дар ҳаёти сиёсӣ ва иқтисодиву иҷтимоии мамлакат гардиши муҳиме ба бор овард, ёдовар шуданд.


Гуфта шуд, ки маҳз бо пайки баргузории Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 ноябр то 2 декабри соли 1992 роҳи минбаъдаи давлатдорӣ, муҳимтар аз ҳама, барқарор намудани сулҳу субот дар мамлакат муайян шуда, ба бахти миллати тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шурои Олӣ интихоб гардиданд. Суханҳои нахустини ин марди хирад ба дидаҳои ноумеду қалбҳои ғамноки яхбастаи сокинони мамлакат нуру зиё ва гармию эътимод бахшид.

Ҳама кӯшишу ғайрат, азму талоши Пешвои муаззами миллат ба таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ, бунёди Тоҷикистони ободу сарсабз ва рӯзгору осудаи мардум равона гардида, ба халқи тоҷик ҳамвора руҳу илҳом бахшид, барои пешрафти минбаъдаи мактабу маориф, илму фарҳанг, иқтисодиёту саноат, тандурустӣ ва дар маҷмуъ баланд шудани сатҳи рӯзгору некӯаҳволии мардум мусоидат намуд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор

Ноябрь 16, 2023 16:14

Хабарҳои дигари ин бахш

МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли чукрӣ ба кам шудани моддаи қанд дар таркиби хун мусоидат мекунад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Барои сазовор таҷлил намудани ин ҷашни миллӣ машварати корӣ доир шуд
Тоҷикистону Чин ҳамкориро дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва гуманитарӣ тақвият медиҳанд
Дар шаҳри Ваҳдат бо мақсади баланд бардоштани ҳувияти миллии ҷавонон ҳамоиш доир шуд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Сокинони ноҳияи Тоҷикобод аз муоинаю ташхисҳои тиббии ройгон гузаронида шуданд
Бо иштироки занону духтарони вазорату идораҳо иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем!» доир гардид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори маҳаллӣ дар ноҳияи Темурмалик барои ду ҳамдеҳааш хона сохт
Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмуни «Тоҷикистони ман!» баргузор мешавад
«СУҒД — ЧОРРОҲАИ РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Дар Суғд форуми сеюми байналмилалӣ доир мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд