Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дар Конфронси байналмилалӣ бахшида ба 95-солагии Чингиз Айтматов иштирок намуданд
ДУШАНБЕ, 17.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. 17 ноябр дар доираи сафари корӣ ва дар ҳошияи ҷаласаи пленарии 56-уми Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар шаҳри Бишкек Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар Конфронси байналмилалӣ бахшида ба 95-солагии нависандаи халқии Қирғизистон Чингиз Айтматов иштирок ва суханронӣ намуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар конфронс роҳбарон ва аъзои ҳайатҳои парламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, намояндагони созмонҳои байналмилалӣ ва доираҳои адабӣ иштирок доштанд.
Вобаста ба фаъолияти пурмаҳсул ва эҷодиёти пурғановати нависандаи барҷастаи қирғиз – драматург, сенарист ва публитсисити боистеъдод Чингиз Айтматов ибрози андеша намуда, муҳтарам Рустами Эмомалӣ иброз намуданд, ки мероси бадеии Чингиз Айтматов дар Тоҷикистон ва дигар давлатҳои ҷаҳон бинобар мавҷудияти ормонҳои баланд ва арзишҳои абадӣ қадр мешавад.
Иброз гардид, ки Чингиз Айтматов дар Тоҷикистон на танҳо ҳамчун нависанда, балки ҳамчун шахсияти дорои хислатҳои баланди ахлоқӣ маъруф буда, барои таҳкими дӯстии байни халқҳои тоҷик ва қирғиз кӯшишҳои зиёд ба харҷ додааст. Дӯстии самимии Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода ва нависандаи халқии қирғиз Чингиз Айтматов ибратомез буда, дар таҳкими муносибатҳои адабию фарҳангӣ байни ду давлат мавқеи хос дорад.
Дар ҷараёни ҳамоиш ба меҳмонон филми мустанад оид ба ҳаёт ва фаъолияти эҷодии Чингиз Айтматов ва саҳнаҳои театрикунонидаи асарҳои ӯ намоиш дода шуданд.
АКС: Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон









Ҷаласаи Шурои коршиносию машваратии назди Шурои Ассамблеяи парламентии СААД баргузор гардид
Намояндагони парлумонҳои Осиёи Марказӣ масъалаҳои таъмини амнияти об, иқлим ва ҳифзи муҳити зистро баррасӣ карданд
Дар доираи Форуми чоруми байнипарлумонӣ ҷаласаи «Ҳамгироии иқтисодӣ, рушди устувор ва тавсеаи шарикии минтақавӣ» баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Курултайи Ҷумҳурии Қазоқистон Айбек Дадебай мулоқот намуданд
Дар Тоҷикистон Форуми чоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Душанбе Форуми чоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор мешавад
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ бо шоҳкориҳои Театри миллии Тоҷикистон шинос шуданд
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бо Раиси Маҷлиси Туркманистон Дунягозел Гулманова мулоқот намуданд
Файзалӣ Идизода бо Раиси Маҷлиси Туркманистон Дунёгузел Гулманова вохӯрӣ намуд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Пешниҳодҳои Тоҷикистон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокдори ИДМ дастгирӣ ёфтанд
Вакили Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои ИДМ иштирок намуд






