Раиси шаҳри Турсунзода бо корҳои сохтмонӣ дар муассисаи таълимӣ шинос гардид

Ноябрь 15, 2023 13:12

ДУШАНБЕ, 15.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар  шаҳри Турсунзода корҳои  сохтмонии  бинои иловагии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 30, воқеъ дар деҳаи Сешанбеи Ҷамоати деҳоти Сешанбе идома дорад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр.

Сохтмони бинои иловагии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №30 дар асоси Созишномаи грантӣ байни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода ва Сафорати Ҷопон дар Тоҷикистон пешбинӣ шудааст.

Тибқи нақша, бинои нави муассиса аз 8 синфхона иборат буда, дар ду баст 400 нафар хонандаро ба таҳсил фаро мегирад.

Бояд гуфт, ки дар замони Истиқлолияти давлатӣ барои рушди соҳаи маориф ва беҳтарсозии шароити таълиму тарбия барои хонандагону омӯзгорон тадбирҳои зарурӣ амалӣ гардида, биноҳои замонавии ҷавобгӯ ба талабот сохта, мавриди истифода қарор дода шуданд.

Ин иқдом барои дар оянда ба камол расидани ҷавонони ватандӯсту ташаббускор ва донандаи забонҳои хориҷӣ заминаи воқеӣ мегузорад.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода

Ноябрь 15, 2023 13:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳои сохтмонӣ дар бинои Театри миллӣ шинос шуданд
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон доир ба рафти омодагиҳо ба таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон машварати корӣ доир намуданд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Сокинони деҳаи ба номи Ортиқ Ҷумаеви шаҳри Турсунзода бо оби нӯшокӣ таъмин шуданд
Дар доираи сафари кории Президенти Тоҷикистон дар Исфара иншооти соҳаи тандурустӣ ба истифода дода шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мастчоҳ 735 иншоот бунёду навсозӣ гардидааст
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара ба таври фосилавӣ як қатор иншооти иҷтимоиро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара кони ангишти №8-и Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ангишт»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара бо лоиҳаи азхудкунии заминҳои бекорхобида, пойгоҳи обкашӣ, сардхона, коргоҳи бастубанди мева ва хоҷагии чорводорӣ ба таври фосилавӣ шинос шуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба шаҳри Исфара ташриф оварданд
Дар Хатлон неругоҳи офтобӣ бо иқтидори умумии 500 мегаватт сохта мешавад
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Беморхонаи марказии ноҳияи Мастчоҳро ба истифода доданд