«РОҒУН»- ИНШООТИ АЗИМИ АСР. Гурӯҳи омӯзгорону донишҷӯёни Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон бо ин неругоҳ шинос шуд
ДУШАНБЕ, 30.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. Гурӯҳи омӯзгорону донишҷӯёни Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон бо иншооти Неругоҳи барқи обии «Роғун» шинос шуданд. Ҳамзамон онҳо бо мардони шуҷою матин – бунёдкорони ин кохи бузурги энергетикии Тоҷикистон суҳбату мулоқоти самимӣ анҷом доданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар радифи дигар донишкадаву донишгоҳҳои мамлакат гурӯҳи устодону донишҷӯёни ин Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон низ бо фаъолияти бунёдгарони иншооти нақби сохтмонии қабати чаҳорум, сарбанди неругоҳ, нақбҳои нақлиётию ёрирасон, обқабулкунакҳои доимӣ, толори мошинҳо, обанбори тозабунёд ва ғайра аз наздик шинос шуданд.
Бояд гуфт, ки дар доираи иҷрои дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳар фарди соҳибватани Тоҷикистон аҳлонаву содиқона кӯшиш менамояд, ки дар бунёди ин иншооти бузурги аср саҳмгузор бошад.
АКС: Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон











Ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ сохтмончиёни НБО-и «Роғун» бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шуданд
«РОҒУН» — РАМЗИ ҚУДРАТИ ЭНЕРГЕТИКИИ ТОҶИКИСТОН ДАР АРСАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Андешаҳо дар ин маврид
«РОҒУН» — КОХИ НУР. Сарбанди ин неругоҳ баландтарин садди обӣ дар ҷаҳон хоҳад буд
Дар бунёди неругоҳи «Роғун» 20 ҳазор коргарону кормандони муҳандисию техникӣ фаъолият доранд
Моҳи сентябри соли 2027 агрегати рақами 4-и неругоҳи «Роғун» ба истифода дода мешавад
Тоҷикистон барои бунёди неругоҳи «Роғун» маблағҳои иловагии созмонҳои байналмилалии молиявиро ҷалб менамояд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «Ман ба масъулиятшиносӣ, таҷриба ва заҳмати софдилонаи бунёдгарони «Роғун» эътимоди комил дорам»
Президенти Тоҷикистон: «Бунёди Неругоҳи барқи обии «Роғун» муҳимтарин дастоварди даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон аст»
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бо бунёдгарони Неругоҳи барқи обии «Роғун»
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Роғун бо бунёдгарони Неругоҳи «Роғун» мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар дигар мавзеъҳои сохтмони Неругоҳи «Роғун» боздид намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар cарбанди Неругоҳи «Роғун» шинос шуданд






