«Шоҳҷоиза»-и Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» насиби кӣ мегардад?

Ноябрь 13, 2023 13:42

ДУШАНБЕ, 13.11.2023. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон рақобат барои ба даст овардани «Шоҳҷоиза»-и Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз гардид. Дар ин давр ғолибони озмун, ки дар номинатсияҳои озмун ҷойҳои якумро ба даст оварданд, байни ҳам рақобати зеҳнӣ менамоянд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».

Ба иттилои маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои ба даст овардани Шоҳҷоиза 11 нафар пешниҳод шудаанд, ки 1 нафари он барандаи ин ҷоиза гардида, 70 ҳазор сомонӣ ба даст меорад.

Бо мақсади шаффоф ва одилона интихоб намудани ғолиби «Шоҳҷоиза» имрӯз аз ҷониби раиси комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

Ёдовар мешавем, ки 2 феврал Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи баргузор намудани Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар соли 2023 ба тасвиб расид. Вобаста ба тағйироти воридгардида маблағ барои мукофотонидани ғолибон ва баргузории озмун дар ҳаҷми 850 ҳазор сомонӣ зиёд шуда, дар маҷмуъ 3 895 000 (се миллиону ҳаштсаду наваду панҷ ҳазор) сомониро ташкил дод.

Соли чорум аст, ки Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» бо ташаббус ва сарпарастии Президенти Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор мегардад.

Бояд гуфт, ки озмун ба тантанаи донишу маърифат табдил ёфта, тамоми қишрҳои ҷомеаи мамлакатро ба ҳам дӯсту муттаҳид мегардонад.

Тибқи амри Президенти Тоҷикистон дар бораи баргузории Озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», соли 2023 ба низомномаи озмун якчанд тағйироту навгонӣ ворид гардида, он аз рӯйи 6 номинатсия баргузор мешавад. Аз ҷумла, номинатсияи адабиёти кӯдакон ва наврасон дар 2 зерноминатсия байни хонандагони синфҳои ибтидоӣ (синфҳои 1-4) ва хонандагони синфҳои болоии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфҳои 5-11) ва ибтидоии касбӣ (синфҳои 10-11) баргузор мешавад. Ҳамчунин ба номинатсияи адабиёти ҷаҳон 1 зерноминатсияи дигар илова гардида, он бо назардошти хусусияти синнусолӣ байни хонандагони синфҳои ибтидоии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфҳои 1-4) дар алоҳидагӣ баргузор мегардад.

Дар номинатсияи эҷоди назму наср низ тағйирот ворид шуд, ки имсол довталабони бахши эҷоди назм ва эҷоди наср дар алоҳидагӣ иштирок менамоянд.

Ҷиҳати ҳавасмандсозии шумораи зиёди иштирокчиёни озмуни имсола миқдори ҷойҳои 3-юми ғолибони ҳамаи номинатсияҳо аз ду нафар ба се нафар расонида шуд, ки дар маҷмуъ ғолибони ҳар номинатсия ба 6 адад расонида мешавад. Ҳамин тариқ, шумораи умумии ҷойҳои ифтихорӣ барои ғолибони даври ҷумҳуриявӣ нисбат ба соли 2022 аз 95 ба 121 ҷой зиёд шуд.

Ҳамзамон шумораи мукофотҳои пулӣ барои омӯзгороне, ки шогирдонашон дар даври чоруми озмун ғолиби ҷойҳои 1, 2, 3 ва Шоҳҷоиза мегарданд, 15 адад зиёд гардида, то ба 61 адад расонида шуд.

Бояд гуфт, ки бо дастури Президенти Тоҷикистон соли 2023  барои довталабони Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» имтиёзи махсус пешбинӣ гардидааст. Тибқи он, иштирокчиёни даври чоруми озмун (хонандагони синфи 11) ба ихтисосҳои омӯзгории муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии мамлакат бе озмун ва ба гурӯҳҳои ройгон қабул мешаванд.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ
«Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Ноябрь 13, 2023 13:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Таҳти унвони «Забон — рамзи худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ» ҳамоиш баргузор гардид
Дар Душанбе Фестивали фарҳангии Тоҷикистону Корея-2026 баргузор мегардад
Дар Душанбе Рӯзҳои фарҳангии шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон оғоз мегарданд
ФАРЗАНДОНИ СОДИҚИ МИЛЛАТ ФАРОМӮШ НАМЕШАВАНД. Ба Ватан баргардонидани пораи хоки оромгоҳи қаҳрамонон далели он аст
Аввалин сомонаи Феҳристи давлатии ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ дар Тоҷикистон таҳия карда шуд
Ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ нахустнамоиши «Бобоҷон Ғафуров» пешкаши тамошобинон мегардад
Дар деҳаи Қазноқи ноҳияи Рашт осорхонаи Қаҳрамони Тоҷикистон Нусратулло Махсум бунёд карда мешавад
Сомонаи нави Ассотсиатсияи агентиҳои миллии иттилоотии кишварҳои ИДМ муаррифӣ гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои роҳбарони агентиҳои давлатии иттилоотии кишварҳои иштирокдори ИДМ баргузор гардид
Аз ноҳияи Рӯдакӣ ба даври минтақавии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» 66 нафар роҳхат гирифт
Дар даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» 114 нафар иштирок намуд
Манзараҳои зебои табиати Тоҷикистон дар «Pakistan TV Digital» намоиш дода мешавад