ТАҒЙИРОТ БА ҚОНУН. Ба маоши вазифавии кормандоне, ки дар ҳодисаҳои сӯхтор дар шароити барои саломатӣ зараррасон хизмат мебаранд, ба андозаи 20 дарсад иловапулӣ пешбинӣ карда мешавад

Ноябрь 30, 2023 10:00

ДУШАНБЕ, 30.11.2023. /АМИТ «Ховар»/. Хавфи ҳодисаҳои сӯхторро дар баъзе ҳолатҳо ба инобат гирифта, ба кормандоне, ки дар давоми хизматбарӣ ва дар шароитҳои барои нафаскашӣ номусоид, хатарнок ҳангоми хомӯш намудани сӯхтор дар корхонаҳо ва дигар ташкилоту муассисаҳое, ки дар онҳо маводу маҳсулоти аз худ газҳои заҳрнок ихроҷкунанда ва барои саломатии инсон зараррасон мавҷуд мебошад, иштирок менамоянд, ба андозаи 20 дарсад ба маоши вазифавии онҳо иловапулӣ пешбинӣ карда мешавад. Механизми дар кадом муҳлатҳо ва ба киҳо дода шудани иловапулӣ дар ҳолатҳои cap задани ҳодисаҳои сӯхтори хатарнок дар корхонаю иншооти ҳаҷман калон, таъйиноташон махсус ва анборҳои нигоҳдории моддаҳои заҳрноку тарканда муайян карда мешавад.

Дар ин хусус зимни барассии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарӣ аз сӯхтор» дар ҷаласаи Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум, ки 4 октябри соли 2023 баргузор гардид, гуфта шуд.

Зимни барассии масъалаи мазкур муовини Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Саиднақш Раҳмонзода иброз дошт, ки «мақсад аз таҳияи лоиҳаи мазкур ба танзим даровардани фаъолияти Хадамоти давлатии оташнишонии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, таъмини назорати давлатии бехатарӣ аз сӯхтор дар биною иншоот, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳо ва бехатарии шаҳрвандон мебошад».

«Бо ин мақсад ба моддаи 1 қонуни мазкур сархатҳои шонздаҳум ва ҳабдаҳум бо мазмуни зерин илова карда мешаванд:« — объектҳои ҷойгиршавии оммавии одамон — марказҳои савдо, нуқтаҳои хизматрасониҳои маишӣ, варзишӣ, фарҳангӣ, фароғатӣ, муассисаҳои динӣ, таваққуфгоҳҳои ҳама намуди нақлиёт, биноҳои муассисаҳои тандурустӣ, маориф, инчунин, меҳмонхонаҳо ва объект­ҳои барои будубоши муваққатии одамон; ташкил ва хомӯш намудани сӯхтор — маҷмӯи чорабиниҳои фаврӣ-тактикӣ ва муҳандисӣ- техникӣ (ба истиснои чораҳо оид ба таъмини чораҳои аввалияи бехатарӣ аз сӯхтор), ки ба наҷот додани одамон ва молу мулк аз сӯхтор ва хомӯш кардани он нигаронида шудаанд»,-тазаккур дод ў.

Ҳамзамон бо мақсади паст намудани хавфи ҳодисаҳои сӯхтор дар объектҳо ва иншоот, новобаста аз шакли моликият, барои мутобиқати бино ва иншоот ба талаботи қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор зарурати илова намудани сархати 10 ба қисми дуюми моддаи 15 қонуни мазкур, яъне «додани хулоса оид ба вазъи бехатарӣ аз сӯхтор», ба вуҷуд омад.

Таъкид гардид, ки омӯзиши маводҳо бо муқоиса ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда собит намуд, ки агар аз як тараф, мақсади таҳия ва пешниҳоди лоиҳаи қонун танзими фаъо­лияти ҳамин мақомот ба шароити имрӯза бошад, аз тарафи дигар, таъмини ба амалбарории уҳдадориҳо барои ҳимояи бехатарӣ аз сӯхтор дар ҳамаи самтҳо буда, муҳимаш фаъол намудани тамоми субъектҳои дар ин ҷода амалкунанда аст.

Мақсади дигари пешниҳоди лоиҳа мутобиқ намудани меъёрҳо ба қонунҳои амалкунандаи дигар, аз байн бурдани ихтилофҳои имлоӣ ва забонӣ ва таҳрири нави санадҳои меъёрии ҳуқуқии алоҳида, аз ҷумла, тағйиру иловаҳои ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон вориднамуда ва қонунҳои амалкунандаи самтро дар бар мегирад.

Дар лоиҳа мафҳумҳои нав, аз ҷумла, иншооти ҷойгиршавии оммавии одамон, ташкили хомӯш намудани сӯхтор илова карда, ваколатҳои мақомоти ваколатдори давлатӣ дар ин самт ва иҷрои баъзе ҳуқуқҳою уҳдадориҳои ин мақомот ва худи кормандони он мушаххас карда мешаванд.

Ҳамзамон, вазифаҳои назоратии мақомоти оташнишонӣ дар доираи ин ва дигар қонунҳои амалкунанда ба танзим дароварда, сар карда, аз ташкили гузаронидани амалиётҳои сӯхторхомӯшкунӣ, таъмини чорабиниҳои он, омода намудани таҷҳизоту нақлиёт, то мавзеи ҳимояи объектҳои зарурии он боз ҳам мушаххас карда мешаванд.

Як қисми тағйироту илова ба ҳимояи ҳуқуқҳои кормандони соҳа, ҳифзи саломатии онҳо ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматӣ равона карда мешаванд, чунки онҳо дар баъзе ҳолатҳо дар шароити хатарнок ҳангоми иҷрои ин вазифаҳо ва амалҳои ба он наздик фаъолият карда, саломатии худро зери хатар мемонанд, ки оқибатбор буданаш аз эҳтимол дур нест.

Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Ноябрь 30, 2023 10:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Фестивали ҷумҳуриявии афсарону сарбозон «Муҳофизони Ватан» баргузор мешавад
Намояндагони Тоҷикистон дар конфронси 10-уми минтақавии Ассотсиатсияи байналмилалии прокуророни генералӣ иштирок доранд
Соҳибкороне, ки худсарона нархи маҳсулоти хӯрокаро боло мебардоранд, ҷарима карда мешаванд
МАВСИМИ ОББОЗӢ ФАРО РАСИД. Волидайн фарзандони худро ҳангоми оббозӣ беназорат нагузоранд!
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон Юсуф Раҳмон бо Котиби давлатии Шурои амнияти Ҷумҳурии Беларус Александр Волфович мулоқот намуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон бо Мушовири Шурои амнияти миллии Ҷумҳурии Ироқ мулоқот намуд
Дар вилояти Хатлон 128 ҳодисаи садамавии роҳу нақлиёт ба қайд гирифта шуд
Дар ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи давлатҳои аъзои СААД ҳамкорӣ дар соҳаи ҳарбӣ баррасӣ карда шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар Вохӯрии 13-уми байналмилалии намояндагони баландмақоми бахши амният иштирок намуд
Аз 29 то 31 май дар Душанбе ҳаракати воситаҳои нақлиёт муваққатан маҳдуд карда мешавад
«ЗАМИН», «МАРЗ» ВА «ВАТАН» — УНСУРҲОИ МУҚАДДАС ВА ҲАЁТАН МУҲИМ. Ба Рӯзи Қӯшунҳои сарҳадӣ бахшида мешавад
Дар Бадахшон 31-солагии таъсиси Қӯшунҳои сарҳадӣ таҷлил гардид