ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 18 ноябр, шанбе, 322-юмин рӯзи соли 2023 аст

Ноябрь 18, 2023 08:00

Соли 1994 дар Тоҷикистон рӯзномаи хусусии «Дайҷест-пресс» таъсис дода шуд.

***

Дар ин рӯзи соли 2012 дар шаҳри Гулистон (собиқ Қайроққум) бинои нави  шифохонаи номдори «Баҳористон» ба истифода дода шуд.

***

18 ноябри соли 2014 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сафирони нави фавқулода ва мухтори 19 давлати ҷаҳон эътимоднома қабул намуданд.

***

18 ноябри соли 2016 Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар шаҳри Сарбанд ба Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Азот» ташриф оварда, баъди боздид барои оғози марҳилаи дуюми таҷдиду навсозии корхона санги асос гузоштанд.

***

Соли 2018 дар шаҳри Бӯстон корхонаи дорусозии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди  «Фарм Суғд» ба истифода дода шуд.

*** 

18 ноябри соли 2020 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  бо Амири Давлати Қатар Шайх Тамим бин Ҳамад Оли Сонӣ суҳбати телефонӣ анҷом доданд. Дар ибтидои суҳбат Амири Давлати Қатар бори дигар табрикоти самимӣ ва таманниёти неки хешро ба Пешвои миллат дар робита ба натиҷаҳои интихоботи президентии дар Тоҷикистон баргузоргардида ва аз нав интихоб гардиданашон ба маснади олии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз доштанд.

***

18 ноябри соли 2021 дар доираи ҳамкорӣ бо Ҷамъияти ҳамкории байналмилалии Олмон (GIZ)  Форуми 2-юми муколама оид ба ҳамкории байналмилалии академияҳои идоракунии давлатии мамлакатҳои Осиёи Марказӣ, Қафқози Ҷанубӣ ва Аврупои Шарқӣ дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тариқи ҳузурӣ ва маҷозӣ (онлайнӣ) баргузор шуд.

***

18 ноябри соли 2022 дар шаҳри Самарқанд дар ҳошияи 18-умин ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо ва Конфронси ҳамбастагии Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ: «Дарвозаи глобалӣ» барои рушди устувор мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Намояндаи олии Иттиҳоди Аврупо оид ба корҳои хориҷӣ ва сиёсати амниятӣ Жозеп Боррелл баргузор гардид.

 18 НОЯБР ТАҶЛИЛ МЕГАРДАД:

Дар Латвия – Рӯзи истиқлол.

Ноябрь 18, 2023 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 11 декабр, чоршанбе, 346-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 10 декабр, сешанбе, 345-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 декабр, душанбе, 344-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 8 декабр, якшанбе, 343-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 7 декабр, шанбе, 342-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 6 декабр, ҷумъа, 341-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 5 декабр, панҷшанбе, 340-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 4 декабр, чоршанбе, 339-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 3 декабр, сешанбе, 338-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 2 декабр, душанбе, 337-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 1 декабр, якшанбе, 336-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 30 ноябр, шанбе, 335-умин рӯзи соли 2024 аст