ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 ноябр, душанбе, 331-умин рӯзи соли 2023 аст

Ноябрь 27, 2023 08:00

Соли 1940  Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Бӯстон (Чкаловск) – и вилояти Суғд таъсис ёфт.

***

Дар ин рӯзи соли 2013 дар пойтахти Англия- шаҳри Лондон таҳти унвони «Тоҷикистон дар асри XXI. Дурнамо барои рушд ва тараққиёт» конфронс доир шуд.

***

27 ноябри соли  2013 дар шаҳри Душанбе Конфронси байналмилалии «Хизматрасониҳои давлатӣ: дастрас ва босифат» баргузор гардид.

***

27 ноябри соли 2015 дар маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нақшаи қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020 тасдиқ гардид.

***

27 ноябри соли 2016 Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар кори Саммити оби Будапешт ба Венгрия сафар намуданд.

*** 

27 ноябри соли 2017 прокуророни генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Беларус барномаи ҳамкорӣ байни прокуратураҳои ҳарду ҷониб барои солҳои 2018-2019-ро бо нишон додани тадбирҳои мушаххаси муштарак  ба  имзо  расониданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2019 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар иҷлоси навбатии Шурои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон сафар намуданд.

***

27 ноябри соли 2020 таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

***

27 ноябри соли 2021   Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ ба Туркманистон сафар намуданд. 

27 НОЯБР ТАҶЛИЛ МЕШАВАД:

Дар Русия – Рӯзи қӯшунҳои баҳрӣ.

Ноябрь 27, 2023 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш