Тоҷикистон ҷонибдори ғояи таъсис додани Котиботи Барномаи махсуси СММ барои иқтисодиёти Осиёи Марказӣ мебошад
ДУШАНБЕ, 26.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. Тоҷикистон ҷонибдори таъсис додани Котиботи СПЕКА мебошад. Дар ин хусус Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни суханронӣ дар Саммити Барномаи махсуси СММ барои иқтисодиёти Осиёи Марказӣ (СПЕКА) изҳор намуданд.
«Мо бар онем, ки фаъолияти мақоми нави доимӣ бояд тибқи авлавиятҳои рушди иқтисодии ҳамаи кишварҳои иштирокчӣ сурат гирад, — таъкид доштанд Сарвари давлат. — Омодаем, ки пешниҳодҳоро оид ба шакл ва макони ҷйгиршавии Котибот ба таври созанда баррасӣ намоем».
Пешвои миллат иброз намуданд, ки вақти он расидааст дар доираи Барнома лоиҳаҳои муштараки воқеан амалкунанда ба татбиқ расонида шаванд.
Таъкид гардид, ки Тоҷикистон ғояи таъсис додани Бунёди мақсадноки СПЕКА-ро ба ҳадафи сафарбар намудан ва ҷалби захираҳои молиявии кишварҳои иштирокчӣ ва созмонҳои донорӣ барои татбиқи лоиҳаҳо дар давлатҳои иштирокчии Барнома дастгирӣ менамояд.
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»








ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон






