Тоҷикистон ва Чин омодаи таъсиси корхонаҳои муштараки саноатӣ оид ба истихроҷи маъдан мебошанд

Ноябрь 16, 2023 09:44

ДУШАНБЕ, 16.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. 15 ноябр дар шаҳри Сиани вилояти Шэнсии Ҷумҳурии Мардумии Чин вохӯрии муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Восидиён бо Раиси вилояти Шэнси Чжао Ган баргузор гардид, ки зимни он ҷонибҳо масъалаи таъсиси корхонаҳои муштараки саноатӣ оид ба истихроҷи маъдан ва коркарди металлҳо то маҳсулоти ниҳоиро баррасӣ намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои мамлакат хабар доданд.

Муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон иброз намуд, ки бо шарофати сиёсати хирадмандона ва дурандешонаи роҳбарони ҳарду давлат: Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин муносибатҳои мамлакатҳо пайваста инкишоф ёфта, ба сатҳи баланд баромадаанд.

Дар робита ба ин иттилоъ дода шуд, ки дар 9 моҳи соли равон гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон бо Чин 10 фоиз ва дар панҷ соли охир ин нишондиҳанда тақрибан ду баробар афзоиш ёфта, Чин дар сохтори савдои хориҷии Тоҷикистон дар ҷойи 2-юм қарор дорад.

Вохӯрӣ дар фазои дӯстӣ доир шуда, дар ҷараёни он ҷонибҳо самтҳои ояндадори ҳамкорӣ, аз ҷумла содироти маҳсулоти кишоварзӣ аз Тоҷикистон ба бозори Чинро баррасӣ намуданд.

Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати густариши минбаъдаи ҳамкории мутақобилан судманд ва амалӣ намудани нақшаҳо иброз доштанд.

АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ноябрь 16, 2023 09:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия тавсеа мебахшанд
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳо панҷ барнома амалӣ карда мешавад
Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд
Дар Тоҷикистон кишти пахта аз даҳаи охири моҳи март оғоз мегардад
Дар ноҳияи Шуғнон шумораи гармхонаҳои муосир афзоиш меёбад
ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад
Дар ноҳияи Ҷайҳун неругоҳи офтобӣ сохта мешавад
Ба ифтихори ҷашни Наврӯз дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия чорабинии тантанавӣ баргузор шуд
Душанбе мизбони Конфронси 35-уми Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ мегардад