Тоҷикистонро дар Гранд Слами Токио оид ба ҷудо 10 варзишгар муаррифӣ менамоянд
ДУШАНБЕ, 30.11.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби ҷудои Тоҷикистон дар мусобиқаи навбатии «World Judo Tour» – Гранд Слами Токио-2023 дар ҳайати 10 нафар иштирок менамояд. Дар ин хусус шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи ҷудои Тоҷикистон хабар медиҳад.
Мусобиқа 2-3 декабр бо иштироки 500 варзишгари беш аз 84 давлат баргузор мешавад.
Тоҷикистонро дар ин мусобиқаи сатҳи баланд 10 варзишгари шинохта байни мардҳо, аз ҷумла Муҳаммадсолеҳ Қувватов бо Меҳрзод Суфиев дар вазни то 60кг, Эмомалӣ Нуралӣ бо Обид Ҷебов дар вазни то 66кг, Беҳрӯз Хоҷазода бо Абубакр Шеров дар вазни то 73кг, Сомон Маҳмадбеков бо Муҳаммадҷон Абдуҷалилзода дар вазни то 81кг, Комроншоҳи Устопириён дар вазни то 90кг ва Эмомризо Анварзода дар вазни то 100кг муаррифӣ менамоянд.
Фонди умумии ҷоизаҳо 154 000 евроро ташкил медиҳад. Ғолибон дар ҳамаи 14 вазн 5000 евро, барандагони медали нуқра 3000 евро ва медали биринҷӣ 1500 евро ҷоизапулӣ дарёфт менамоянд.
АКС: Федератсияи ҷудои Тоҷикистон








Дастаи «Сипар»-и Хуҷанд бори дуюм унвони чемпиони Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзалро сазовор гардид
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дар Дарвоз Академияи футболи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор гардид
Дар вилояти Суғд ғолибони мусобиқаи вилоятӣ муайян гардиданд
Дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон тими Амороти Муттаҳидаи Арабиро мағлуб намуд
Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба камонварӣ ҷамъбаст гардид
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба садгонаи беҳтаринҳои раддабандии ФИФА ворид шуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бо дастаи яккачини Русия бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Маросими гусели ҳайати дастаи мунтахаби паралимпии мамлакат ба Бозиҳои V Параосиёӣ баргузор гардид
Иштирокдорони Бозиҳои 20-уми Осиёӣ—2026-ро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истиқбол гирифтанд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар бозии дӯстона бар тими миллии Чин пирӯз шуд






