Варзишгарони тоҷик дар Чемпионати Осиё оид ба бокс дар шаҳри Остона сазовори 9 медал шуданд

Ноябрь 3, 2023 10:24

ДУШАНБЕ, 03.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби наврасону ҷавонони Тоҷикистон оид ба бокс дар Чемпионати Осиё, ки 23 октябр дар шаҳри Остонаи Қазоқистон оғоз гардида, имрӯз, 3 ноябр анҷом меёбад, 9 медал ба даст оварданд. Дар ин хусус шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар чемпионат байни наврасон 220 варзишгар (147 писар, 73 духтар) ва байни ҷавонон 215 варзишгар (137 писар, 78 духтар) иштирок намуданд.

Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин мусобиқаи сатҳи баланд, 24 варзишгар (13 наврас, 11 ҷавон) намояндагӣ намуда, 1 медали нуқра, 8 медали  биринҷӣ ба даст оварданд.

Медали нуқраро байни наврасон Ҷаҳонгир Камолов дар вазни то 46кг сазовор шуд.

Мансурхуҷа Муминов дар вазни то 48кг, Билолҷон Иксанов  дар вазни то 50кг, Абубакр Ғафуров дар вазни то 66кг, Зиёратшо Қосимов  дар вазни  то 70кг, Фариноз Абдуллова  дар вазни то  52кг, Мино Аъзамзода  дар вазни то 60к  байни наврасон, Меҳроҷ Суфиҷонов  дар вазни то 48кг ва Баҳромбек Ҳотамов  дар вазни то  71кг  байни ҷавонон ба гирифтани  медали биринҷӣ сарфароз гардиданд.

АКС аз манбаъҳои боз

Ноябрь 3, 2023 10:24

Хабарҳои дигари ин бахш

ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд