3 ДЕКАБР -РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МАЪЮБОН. Давоми се соли охир дар Тоҷикистон нишондиҳандаи маъюбӣ 7 фоиз паст фароварда шуд

Декабрь 3, 2023 09:00

ДУШАНБЕ, 03.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. 3 декабр  Рӯзи байналмилалии маъюбон эълон гардидааст, ки ҳадафи он мусоидат ба ҳуқуқҳои маъюбон дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ, инчунин ҷалби таваҷҷуҳи кулли ҷомеа ба мушкилоти маъюбон мебошад. Тоҷикистон ҳамчун ҷузъи ҷомеаи ҷаҳонӣ санадҳои байналмилалии марбут ба ҳуқуқҳои маъюбон ва таъминоти иҷтимоии онҳоро эътироф менамояд. Дар ҷумҳурӣ «Барномаи миллии тавонбахшии маъюбон барои солҳои 2017-2025» амал менамояд, ки ҳамасола тавассути тавонбахшӣ 7-8 ҳазор нафар маъюб аз рӯйхат бароварда мешавад.

Масъалаҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, бахусус маъюбон яке аз самтҳои муҳим ва афзалиятноки сиёсати пешгирифтаи Сарвари давлат ба шумор рафта, таҳти сарварии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мунтазам ҷиҳати дастгирии табақаҳои осебпазири аҳолӣ тадбирҳои судманд ва созанда андешида мешаванд.

Шахсони маъюб дар ҷумҳурии мо аз тамоми ҳуқуқу кафолатҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва сиёсию маданӣ, ки дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои қонунгузории  Ҷумҳурии Тоҷикистон инъикос ёфтаанд, бархурдор мебошанд. Табъизи (дискриминатсияи) ҳуқуқи маъюбон манъ буда, мувофиқи қонун  дорои ҷавобгарӣ мебошад

Асосҳои  меъёрии ҳуқуқии ҳифзи иҷтимоии шаҳрвандони маъюб тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ», «Дар бораи ҳифзи иҷтимоии маъюбон», «Дар бораи хизматрасонии иҷтимоӣ», «Дар бораи собиқадорон» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор, инчунин ҳуҷҷатҳои стратегии мамлакат, ба монанди «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030», «Стратегияи рушди ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040», «Консепсияи рушди хизматрасонии иҷтимоии аҳолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва якчанд барномаҳои давлатию соҳавӣ амалӣ  мешаванд.

Бояд иброз намуд, ки 22 марти соли 2018 аз чониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид  оид ба ҳуқуқҳои маъюбон ба имзо расонида шуд, ки имсол аз имзои он 5 сол сипарӣ гардид. Ҷиҳати омӯзиши масъалаи ҳамроҳшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин Конвенсия дар назди Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шудааст. Ҳамзамон дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шурои миллии ҳамоҳангсозии масъалаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ амал менамояд.

Давоми се соли охир дар Тоҷикистон нишондиҳандаи маъюбӣ 7 фоиз паст фароварда шуд

Сарвари давлат ҳамеша нисбат ба  ин қишри ҷомеа ғамхории махсус зоҳир менамоянд. Тавре Пешвои миллат таъкид менамоянд, «…мо ба раванди солимгардонии маъюбон, дастгирии иҷтимоии  табақаҳои осебпазири аҳолӣ, аз ҷумла кӯдакони  ятиму бесаробонмонда, оилаҳои камбизоат ва дастрасии онҳо ба хизматрасонии тиббии иҷтимоӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, дар  ин самт ҳамаи тадбирҳои саривақтиро амалӣ менамоем».

Тибқи иттилои Хадамоти давлатии экспертизаи тиббии иҷтимоии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷимоии аҳолии ҷумҳурӣ, дар мамлакат «Барномаи миллии тавонбахшии маъюбон барои солҳои 2017-2025» амалӣ гардида, дар асоси он аз ҳисоби тавонбахшӣ ҳамасола аз шумораи умумии маъюбони сабти ношуда аз 7 то 8 ҳазор аз рӯйхат бароварда мешаванд. Яъне саломатии онҳо барқарор гардида, дигар маъюб ҳисобида намешаванд. Давоми се соли охир дар мамлакат нишондиҳандаи маъюбӣ вобаста ба шумораи аҳолӣ аз 164 фоизи соли 2020 ба 157 фоизи соли 2022 паст фароварда шуд.

Дар мавриди муайян намудани гурӯҳи маъюбӣ дар Хадамоти давлатии экспертизаи тиббии иҷтимоии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷимоии аҳолии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, ки аз ҷониби мутахассисони Хадамот вобаста ба соҳаи бемории одамон  экспертизаи тиббӣ гузаронида шуда, гурӯҳи маъюбии онҳо муайян  мешавад.

Ба иттилои манбаъ, агар қобилият аз рӯи гурӯҳбандӣ бо фоиз муайян  шавад, ба онҳое, ки то 25 фоизи қобилиятнокиашонро гум намудаанд, маъюбӣ дода намешавад. Ба шахсоне, ки аз 25 то 50%-и қобилияташонро гум намудаанд, маъюбияти гурӯҳи III, аз 50 то 75 фоизро гум намуда бошанд, маъюбияти гурӯҳи II ва нафароне, ки аз 75 то 95 — 100 фоизи қобилиятнокиашонро аз даст додаанд, маъюбияти гурӯҳи I дода мешавад.

Бояд гуфт, ки ҳамеша ба сатҳи пешрафти иқтисодиёт ва иҷтимоёти давлат аз рӯйи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, алалхус пиронсолон, маъюбон ва кӯдакони ятиму бепарастор баҳо дода мешавад. Дар ҷумҳурии мо дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кумакҳои унвонии иҷтимоӣ» аз 24 феврали соли 2017 ва қарорҳои дахлдор вобаста ба он ба оилаҳо ва шаҳрвандоне, ки тибқи арзёбии вазъи моддию маишӣ ва некӯаҳволии онҳо мақоми камбизоатӣ гирифтаанд, аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ кумакпулии унвонии иҷтимоӣ таъйин ва пардохт мешавад.

Ҳадафи асосии Ҳукумати мамлакат аз расонидани кумакҳои унвонии иҷтимоӣ ба қишри осебпазири мамлакат, ин қабл аз ҳама, мусоидат намудан ба коҳиши вазъияти душвори зиндагӣ ва дастгирии шаҳрвандон (оилаҳо)-и камбизоат, ки даромади ҳадди ақаллашон аз меъёри эҳтиёҷ пасттар мебошад, ҳамзамон муҳайё намудани шароите, ки ба ин қишри ҷомеа имконияти баланд бардоштани сатҳи зиндагиашонро фароҳам меорад, ба шумор меравад.

Гуфта мешавад, ки аз рӯи барномаи дурнамои Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030, агар соли 2022 андозаи кумакпулӣ 512 сомониро ташкил медод, пас соли 2025 андозаи он то 1406 сомонӣ баланд бардошта мешавад.

Бояд гуфт, ки бо талошҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус таваҷҷуҳи махсуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷумҳурӣ барои маъюбон дар тамоми соҳаҳо имконияти баробари кору зиндагӣ фароҳам оварда шуда, сол то сол шароити иқтисодиву иҷтимоии онҳо беҳтар мегардад.

Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Декабрь 3, 2023 09:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон ҷарроҳии мураккаби мағзи сар гузаронида шуд
Дурнамои рушди соҳаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ дар Тоҷикистон бо намояндагони Ассотсиатсияи кумак ва ёрии Ҷопон баррасӣ гардид
Ҳайати ҳокимияти судии Тоҷикистон дар Женева дар форуми байналмилалӣ иштирок намуд
«СОЛИМИИ ЗАН — СОЛИМИИ МИЛЛАТ». Дар шаҳри Гулистон беш аз 200 нафар занон бо муоинаи ройгон фаро гирифта шуданд
Дар Душанбе оид ба таҳкими ҳамкории минтақавӣ дар самти коҳиши хавфи офатҳо вохӯрӣ доир шуд
Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон бо Институти осиёии дипломатия ва муносибатҳои байналмилалии Непал Ёддошти тафоҳум ба имзо расонид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар Конфронси минтақавии сатҳи баланд вобаста ба пешгирии зӯроварӣ нисбат ба кӯдакон иштирок намуд
Густариши ҳамкорӣ дар самти татбиқи системаҳои рақамӣ дар раванди таълим бо намояндагони Бунёди аврупоии маориф баррасӣ шуд
Дар муассисаҳои кумаки аввалини тиббию санитарии Тоҷикистон шакли намунавӣ амалӣ мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗАНОНИ ДЕҲОТ. Фаъолияти Раҳима Салимова дар деҳа намунаи ибрат аст
Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон ва Гурӯҳи муассисаҳои MERI-и Ҳиндустон ҳамкориро тақвият мебахшанд
РӮЗИ ҶАҲОНИИ КОҲИШИ ХАТАРИ ОФАТҲОИ ТАБИӢ. Барои пешгирӣ аз пайомадҳои офатҳои табиӣ шаҳрвандон низ бояд масъулиятшинос бошанд.