Ҳайати Тоҷикистон дар Форум оид ба сармояи инсонӣ дар Туркия иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 18.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Истанбули Ҷумҳурии Туркия Форум оид ба сармояи инсонӣ баргузор шуд, ки дар он ҳайати Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Агентии хизмати давлатӣ хабар доданд, форум бо ташаббуси Раёсат оид ба захираҳои инсонии назди Президенти Ҷумҳурии Туркия доир шуда, дар он намояндагон аз Тоҷикистон, Узбекистон, Қазоқистон, Туркманистон, Озарбойҷон ва Қирғизистон иштирок намуданд.
Дар форум масъалаҳои марбут ба татбиқи технологияи кадрӣ, омодасозии кадрҳо, барномаҳои нави дарёфти кадрҳои лаёқатманд, доир намудани мактаби устод ва шогирд, рушди сармояи инсонӣ, коркарди тадбирҳои замонавӣ ва таъмини муваффақияти кадрҳо аз ҷониби мутахассисони соҳа рӯнамоӣ гардида, иштирокчиён табодули назар ва таҷриба намуданд.
Дар ифтитоҳи форум ёвари Президенти Ҷумҳурии Туркия Севдат Йилмиз ва сардори Раёсат оид ба захираҳои инсонии Ҷумҳурии Туркия Селим Ата иштирок намуданд.
АКС: Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон









Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Сокинони ноҳияи Тоҷикобод аз муоинаю ташхисҳои тиббии ройгон гузаронида шуданд
Бо иштироки занону духтарони вазорату идораҳо иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем!» доир гардид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори маҳаллӣ дар ноҳияи Темурмалик барои ду ҳамдеҳааш хона сохт
Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмуни «Тоҷикистони ман!» баргузор мешавад
«СУҒД — ЧОРРОҲАИ РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Дар Суғд форуми сеюми байналмилалӣ доир мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
КАДБОНУИ БЕҲТАРИН. Дар Хуҷанд даври шаҳрии ин озмуни ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад






