Ҷаласаи Шурои рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид

Декабрь 30, 2023 10:48

ДУШАНБЕ, 30.12.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон зери роҳбарии муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Шуро Матлубахон Сатториён  ҷаласаи Шурои рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» сардори Раёсати тарбияи ҷисмонӣ ва инкишофи варзиши дастгоҳи марказии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадтолиб Шокирзода иттилоъ дод.

Дар он аъзои Шуро аз ҳисоби роҳбарони вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва масъулини соҳаи варзиши мамлакат иштирок намуданд.

Дар оғози ҷаласа муовини Сарвазири мамлакат, раиси Шуро Матлубахон Сатториён суханронӣ намуд. Ӯ аз таваҷҷуҳу дастгириҳои Ҳукумати мамлакат, бахусус Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуда, ҳозиринро бо рӯзномаи ҷаласа шинос намуд.

Бояд иброз дошт, ки дар ҷаласа масъалаҳо оид ба ҳисоботи натиҷаи соҳа дар солҳои 2022-2023, ҷараёни омодагиҳо ба Бозиҳои тобистонаи олимпӣ (Париж-2024), равон намудани варзишгарони мамлакат ба мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ, дарёфти роҳхати Бозиҳои олимпӣ ва ноил гардидан ба натиҷаҳои дилхоҳи варзиш, Тасдиқи нақшаи кори Шуро барои соли 2024 мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар идомаи ҷаласа муовини якуми Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, муовини Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовинони раисони вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, масъулини соҳаи варзиши мамлакат ва федератсияҳои варзишӣ сухан гуфта, дархосту пешниҳодҳои худро вобаста ба рушди минбаъдаи соҳа манзур намуданд.

Ҳамзамон раиси Шуро якчанд вазифаҳои барои рушди соҳаи варзиши мамлакат муҳимро ба саҳми аъзои Шуро расонид.

Дар интиҳо раиси Шуро котиботи ҷаласаро уҳдадор намуд, ки суратҷаласа ва Нақшаи кори Шуроро то 5 январи соли 2024 таҳия намуда,  барои мувофиқа ва тасдиқ ба раиси Шурои рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намоянд.

АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Декабрь 30, 2023 10:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд