Алоқаи мобилии «МегаФон Тоҷикистон» дар баландкӯҳҳои Помир устувортар шуд
ДУШАНБЕ, 20.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Давоми соли 2023 миқдори пойгоҳҳои базавии аввалин оператори имконияти нави рақамӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба андозаи 15% афзоиш ёфт. Ба ғайр аз ин хатҳои радиорелеӣ ва нахӣ-нурии алоқа пайваста бунёд гардида, мавриди муосиркунонӣ қарор дода мешуданд. Чун натиҷа суръати интернет, сатҳи устувории шабака то дараҷаи назаррас баланд бардошта шуда, хизматрасонии рақамӣ барои сокинони баландкӯҳҳо боз ҳам дастрастар шуданд.
Пойгоҳҳои базавии ширкати «МегаФон Тоҷикистон» дар шаҳри Хоруғ, ноҳияҳои Ванҷ, Дарвоз, Ишкошим, Мурғоб, Роштқалъа, Шуғнон ба кор дароварда шуданд. Бисёр пойгоҳҳои базавӣ стандарти 4G-ро дастгирӣ менамоянд ва муштариёнро бо суръатҳои баланди интернети мобилӣ таъмин менамоянд. Оператор шабакаро дар минтақаҳои маъруфи туристӣ низ васеъ менамояд – масалан, яке аз пойгоҳҳои базавӣ акнун дар ҳудуди осоишгоҳи «Бибӣ Фотимаи Заҳро» дар ноҳияи Ишкошими Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон кор менамояд.
Лоиҳаи бомиқёси соли равон муосиркунонии шабакаи таҳвилии ширкат ба ҳисоб мерафт. Ҳамин тариқ, қобилияти гузариши хатҳои радиорелеӣ дар қитъаи Нуробод – Ванҷ қариб ду маротиба зиёд гардида, аз 700 Мбит то 1,4 Гбит расидааст. Мавҷудияти хатҳои радиорелеии худ бо чунин зарфият ба ширкати «МегаФон Тоҷикистон» имкон додааст, ки дигар аз хатҳои алоқаи нахӣ-нурии иҷоравӣ вобаста набошад ва трафики муштариёнро ҳатто ҳангоме, ки манбаъҳои берунӣ аз кор мебароянд, интиқол диҳад. Ин дар шароити Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ки дар он кабелҳои нахӣ-нурии ширкатҳои телекоммуникатсионӣ баъзан бинобар тармафароиҳо ва лағжишҳо ё ҳангоми корҳо оид ба таъмири роҳ канда мешаванд, хеле мубрам мебошад.
МегаФон Тоҷикистон хатҳои алоқаи нахӣ-нурии худро низ инкишоф медиҳад. Соли 2023 корҳои асосӣ дар ноҳияҳои Дарвоз ва Рӯшон анҷом ёфта, дар натиҷа 50 км кабелҳои нав гузаронида шуданд. Дар ноҳияи Ванҷ чунин имконияти техникӣ, ба монанди бахши сайёр ба кор бурда шудааст. Бинобар релефи мураккаби маҳал қисми сокинон дар ҳудуде қарор гирифтаанд, ки ба он сигнали пойгоҳи базавӣ ворид намешуд. Шохаи иловагии хатҳои алоқаи нахӣ-нурӣ имкон дод, ки муштариён бо вуҷуди мавҷуд будани кӯҳ бо алоқа таъмин шаванд.
«Бунёдкунӣ ва хизматрасонии шабака дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бинобар вазъи номусоиди боду ҳаво, дурдастии бисёри минтақаҳои кӯҳӣ хеле мушкил аст. Бар замми ин, алҳол таъмири роҳи стратегии мошингард дар ноҳияҳои Ванҷ ва Дарвоз идома дорад, ҳаракат танҳо дар вақти шабона барқарор мешавад. Ба муҳандисони мо барои рафта расидан ба ҷойҳое, ки дар онҳо таҷҳизот насб шудааст, бахусус барои гузаронидани корҳои таъмирӣ вақти бештар лозим меояд. Барои ҳамин мо диққати асосиро ба рушди хатҳои радиорелеӣ ва технологияҳои дигаре, ки сатҳи устувории телеком-хизматрасониҳоро баланд мебардоранд, равона намудем. Лоиҳаи асосӣ бакордарории хатҳои радиорелеӣ дар қитъаи Нуробод-Ванҷ буд. Дар оғози соли равон расидан ба ин мақсад хеле заҳматталаб менамуд, лекин дар моҳи октябр ба мо муяссар шуд, ки дар ин ҷода ба муваффақият ноил шавем.
Акнун муштариёни мо ҳамеша дар алоқа мебошанд ва дастрасии алоқа дигар ба омилҳои берунӣ вобаста нест. Соли 2024 ба нақша гирифтаем, ки пурра корҳоро оид ба бандкунии шабакаамон ба анҷом расонем», — мегӯяд директори раёсати минтақавии ширкати «МегаФон Тоҷикистон» дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Раим Садоншоев.
АКС: ширкати «МегаФон Тоҷикистон»








Дар ноҳияи Ёвон ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Хизмат дар сафи артиш нишонаи садоқат ба Ватан ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ мебошад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар замини Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт боғи зардолу бунёд карда мешавад
Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид
Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
РИОЯИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Барои пешгирӣ аз бемории диабети қанд чӣ бояд кард?
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе ҳар ҳафта машқҳои пагоҳирӯзӣ гузаронида мешаванд
Дар Коллеҷи омӯзгорӣ ва рақамикунонии шаҳри Бохтар Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
33-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳро дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон таҷлил намуданд






