Ба хонандагони лаёқатманди Истаравшан стипендияи раиси шаҳр супорида шуд
СУҒД, 14.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Ба хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, литсей ва гимназияҳои шаҳри Истаравшан стипендияи раиси шаҳр супорида шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар дафтари матбуоти Раиси шаҳри Истаравшан хабар доданд.
Раиси шаҳри Истаравшан дар ин маросим иброз дошт, ки ҷавонони ҷумҳурӣ, аз ҷумла ҷавонони шаҳри Истаравшан дар таҳкими пояҳои давлатдорӣ, рушди босуботи ҷомеа ва пешбурду татбиқи сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳри Истаравшан нақши муҳим доранд.
Гуфта шуд, ки яке аз муҳимтарин самтҳои сиёсати пешгирифтаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон- ин таваҷҷуҳ ба фаъолияти ҷавонон ва татбиқи муваффақонаи сиёсати давлатии ҷавонон маҳсуб шуда, ба фаъолияти ҷавонон дар қаламрави мамлакат эътибори бештар зоҳир гардида, иқтидор ва имконияти онҳо барои пешрафти самтҳои идоракунии давлатӣ босамар истифода мегардад.
Дар вазъияти тантанавӣ ба 65 нафар, аз ҷумла хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, литсей ва гимназияҳо, ки аз ҷониби комиссия интихоб ва пешбарӣ шуда буданд, дар маҷмуъ 65 ҳазор сомонӣ стипендия ва шаҳодатномаҳо супорида шуданд.
Ҷавонон изҳор доштанд, ки ҷавобан ба ғамхориҳо пайваста мекӯшанд, ки бо хониши аъло, иҷрои корҳои таҳқиқотии илмӣ, хизмат дар сафи Артиши миллӣ ва муҳимтар аз ҳама, дар тарғибу татбиқи сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳм гузошта, ба Ватан содиқона хизмат намоянд.
АКС: Дафтари матбуоти Раиси шаҳри Истаравшан








Сабзалӣ Ҷаъфарзода: «Таъсиси Маркази миллии тестӣ аз ҷумлаи ислоҳоти муҳимми соҳаи маориф дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон аст»
Маркази миллии тестӣ натиҷаҳои озмуни тақсимоти такрории давраи сеюми имтиҳонҳои дохилшавиро эълон намуд
Дар ноҳияи Шаҳристон ба беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбия таваҷҷуҳи хосса дода мешавад
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва Муассисаи фарҳангии АКК Созишнома оид ба омӯзиши забони ҷопонӣ ба имзо расид
Дар шаҳри Ҳисор бинои мактаб, варзишгоҳ ва коргоҳи дӯзандагӣ ба истифода дода шуд
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар шаҳри Кӯлоб 53 бинои муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд
Давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 баргузор мегардад
Дар Душанбе доир ба ташаккули маърифати зиддикоррупсионӣ ҳамоиш баргузор гардид
Донишгоҳи технологии Тоҷикистон соҳиби аккредитатсияи байналмилалии институтсионалӣ гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра дар Бадахшон 300 муассисаи таҳсилоти умумӣ ба истифода дода шуд
Дар шаҳри Кӯлоб муассисаи таълимӣ баъди таъмиру навсозӣ ба истифода дода шуд






