Баъди навсозӣ дар Беморхонаи марказии ноҳияи Вахш шароити созгор ва мутобиқ ба стандартҳои ҷаҳонии табобат муҳайё шуд

Декабрь 16, 2023 09:28

ДУШАНБЕ, 16.12.2023. /АМИТ «Ховар»/. Минбаъд сокинони ноҳияҳои Кӯшониён, Ҷалолиддини Балхӣ ва шаҳри Бохтар имкон доранд барои гирифтани табобаб ба Беморхонаи марказии ноҳияи Вахш муроҷиат намоянд. Дар ин муассисаи тандурустӣ таҷҳизоти муосири тиббӣ аз давлатҳои Олмон, Ҷопон, Амрико, Испания, Италия ва Чин бо маблағи беш аз 15 миллион сомонӣ харидорӣ ва васлу насб шудааст. Аз ин баъд дар беморхонаи ноҳияи Вахш усулҳои замонавии ташхису муолиҷа ва ҷарроҳии ҳар гуна бемориҳо бо истифода аз таҷрибаи тибби давлатҳои пешрафта амалӣ мешавад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Дар беморхона дастгоҳҳои зарурии ҷарроҳӣ, оксигенераторҳо, рентгени рақамӣ, дастгоҳи ташхиси ултрасадо ва сабти барқии дил фароҳам оварда шудааст, ки қаблан табибон ба чунин таҷҳизоти замонавӣ ниёзи бештар доштанд. Фароҳам сохтани чунин шароити созгори ташхису муолиҷа ва таъминоти дастгоҳу васоили сохти замонавии тандурустӣ имкон фароҳам меорад, ки табибон ба сокинони ноҳияи Вахш ва дигар ноҳияҳои ҳамшафати он бо сатҳу сифати баланд хизмат расонанд.

Ёдовар мешавем, ки 15 декабр дар идомаи сафари корӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Беморхонаи марказии ноҳияи Вахшро баъд аз таъмиру навсозӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Беморхонаи марказии ноҳияи Вахш, ки аз калонтарин иншооти тандурустии ноҳия ва ҳудуди вилояти Хатлон дониста мешавад, бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи татбиқи лоиҳаи «Ҳифзи саломатии модару кӯдак ва беҳтар намудани самти ёрии таъҷилии тиббӣ дар ноҳияҳои вилояти Хатлон», марҳилаҳои 2 ва 4-ум мавриди таъмири асосӣ ва таҷдиду барқароркунӣ қарор дода шуд.

Бо навсозӣ ва муҷаҳҳазгардонии бинои асосии беморхона шароити созгор ва мутобиқ ба стандартҳои ҷаҳонии табобат муҳайё шуд.

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»

Декабрь 16, 2023 09:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Қабули мавод ба Озмуни ҷумҳуриявии «Эмомалӣ Раҳмон — бунёдгузори Ваҳдати миллӣ» то охири моҳи май идома меёбад
СОЗТАРОШӢ. Созтарошон фарҳанги мусиқии миллӣ ва мероси ниёгонро зинда нигоҳ медоранд
Чаро бемории аллергия бештар дар фасли баҳор ба мушоҳида мерасад?
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамоиши идона доир шуд
Дар Суғд таҳти унвони «Баҳори ҷавонӣ — Наврӯзи ҷаҳонӣ» Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон доир мегардад
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар самти ҷавонон якчанд созишнома оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак ба имзо расид
Иштирокдорони Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» бо фаъолияти Агентии обуҳавошиносӣ шинос гардиданд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сабадбофӣ барои рушди иқтисод ва сайёҳӣ имкон фароҳам меорад
200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад
Таъсиси Шурои роҳбарони мақомоти иҷрои маҷбурии кишварҳои аъзои ИДМ баррасӣ шуд
Ҷашни Наврӯз дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таҷлил карда шуд