Барои сохтмони Неругоҳи барқи обии «Себзор» Шартномаи иловагӣ оид ба пешниҳоди грант ба маблағи 10 миллион евро ба имзо расид

Декабрь 13, 2023 09:01

ДУШАНБЕ, 13.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Аз ҷониби Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Завқӣ Завқизода, Директори Бонки Олмонии Рушд барои минтақаи Аврупои Шарқӣ, Қафқоз ва Осиёи Марказӣ хонум Вероника Гарсия дел Арко, Роҳбари намояндагии минтақавии Бонки Олмонии Рушд дар Осиёи Марказӣ Андреас Шнайдер ва роҳбари ширкати «Помир Энерҷӣ» Шартномаи иловагӣ оид ба пешниҳоди грант ба маблағи 10 миллион евро барои сохтмони Неругоҳи барқи обии «Себзор» ба имзо расонида шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ.

Иқтидори НБО «Себзор» 11 МВт буда, қисмати  зиёди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро  неруи барқ  таъмин менамояд ва имконияти содироти барқро ба ноҳияҳои наздисарҳадии кишварҳои ҳамсоя дорад.

Бояд гуфт, ки то имрӯз бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷалби маблағҳои шарикони рушд, бахусус Иттиҳоди Аврупо, Ҳукумати Олмон, Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID), Котиботи Швейтсария оид ба ҳамкории иқтисодӣ (SEСO) ва Бонки ҷаҳонӣ барои сохтмони НБО «Себзор» дар маҷмуъ 84 млн доллар грант ҷалб шудааст.

АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон

Декабрь 13, 2023 09:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия тавсеа мебахшанд
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳо панҷ барнома амалӣ карда мешавад
Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд
Дар Тоҷикистон кишти пахта аз даҳаи охири моҳи март оғоз мегардад
Дар ноҳияи Шуғнон шумораи гармхонаҳои муосир афзоиш меёбад
ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад
Дар ноҳияи Ҷайҳун неругоҳи офтобӣ сохта мешавад
Ба ифтихори ҷашни Наврӯз дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия чорабинии тантанавӣ баргузор шуд
Душанбе мизбони Конфронси 35-уми Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ мегардад