«БО ТУ МЕФАХРАМ, АЁ, ЭЙ ҲИЗБИ МАН». Дар Бадахшон бахшида ба 29-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
ДУШАНБЕ, 12.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. 12 декабр бо ибтикори Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Бо ту мефахрам, аё, эй ҳизби ман» баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба мудири шуъбаи таблиғот ва ташвиқоти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хабар медиҳад.
Барои баргузор намудани аксияи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон солнома (тақвим) бо акси Раиси Ҳизби Халқии Демократии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои соли нави мелодии 2024 таҳия намуда, нишонаи сарисинагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба аъзо ва ҷонибдорони ин ҳизби созанда ва муттаҳидкунанда тақдим шуд.
Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилоят бо мақомоти ваколатдори давлат, соҳаи илму маориф ва дигар соҳаҳои ҷамъиятӣ ҳамкории ҳамешагӣ дошта, барои дар амал татбиқ намудани сиёсати ин ҳизби халқ ҳамеша ҳисса мегузорад.
АКС: Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон








Дар шаҳру ноҳияҳои Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон идома дорад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти ҳуқуқи инсон тақвият меёбад
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Оид ба татбиқи нақшаи амали Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Тоҷикистон конференсия доир шуд
Дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология Маркази мониторинги сейсмикӣ ба истифода дода шуд
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Федератсияи Русия бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Душанбе масъалаи ифлосшавии ҳавои атмосферӣ дар мамлакат баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ иқдоми нав амалӣ мегардад
Тоҷикистону Чин дар бахши тандурустӣ Ёддошти ҳамкории сеҷониба ба имзо расониданд
«БАҲОРИ ҶАВОНӢ — НАВРӮЗИ ҶАҲОНӢ». Дар вилояти Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон оғоз гардид
МАСЪУЛИЯТ БАРОИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ КӮДАК. Судяҳои ноҳияи Фирдавсӣ бо волидону хонандагон вохӯрӣ намуданд
Дар Душанбе оид ба нақши занон дар эҳёи суннатҳои наврӯзӣ форуми байналмилалӣ баргузор гардид






