Дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон оид ба иқтисодиёти кишоварзӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ гузаронида шуд
ДУШАНБЕ, 19.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур дар мавзуи «Иқтисодиёти кишоварзӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ ва ҳамгироӣ» конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ баргузор шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар ин донишгоҳ хабар доданд.
Дар конференсия натиҷаҳои таҳқиқоти олимон оид ба баланд бардоштани самаранокии иқтисодиёти кишоварзӣ, сиёсати аграрӣ дар самти ислоҳоти соҳаи кишоварзӣ, ташкили баҳисобгирии бухгалтерӣ дар соҳаи кишоварзӣ, масъалаҳои муҳими таъмини рушди устувори соҳаи кишоварзӣ, самтҳо ва механизмҳои дастурии таъмини рушди устувори соҳаи кишоварзии ҷумҳурӣ, диверсификатсияи соҳа ҳамчун самти асосии ислоҳоти кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъмини молиявию қарзӣ ва сармоягузории истеҳсолоти кишоварзӣ, самаранокии истифодаи технологияи муосир баррасӣ гардиданд.
Иброз гардид, ки дар ҷаҳони муосир омили асосии рушди устувори иқтисодиёт ва ноил гардидан ба сатҳи баланди зиндагии аҳолӣ бо роҳи ба иҷтимоиёт нигаронидани рушди инноватсионӣ ба амал меояд.
Тадбирҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушду суботи ҷомеа, баланд бардоштани иқтисодиёти мамлакат ва дараҷаи некуаҳволии халқ нигаронида шудаанд. Дар натиҷаи тадбирҳои оқилона андешида нишондиҳандаҳои асосии иҷтимоӣ-иқтисодии ҷумҳурӣ ба дараҷаи кофӣ рушд ёфтанд.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаи захираву имкониятро ба таҷдиду бунёди инфрасохтори иқтисодиву иҷтимоӣ, ворид намудани технологияҳои ҳозиразамон, ҳалли масъалаҳои вобаста ба соҳаи кишоварзӣ, татбиқи иқтисодиёти «сабз», фароҳам овардани фазои мусоид барои рушди иқтисодиёти рақамӣ, сармоягузориву соҳибкорӣ ва рушди бахши хусусӣ равона намудааст.
Дар марҳилаи кунунии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти хушсифати кишоварзӣ яке аз самтҳои афзалиятноку стратегии мамлакат ба ҳисоб меравад. Дар ин раванд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштаанд, ки «ба мо зарур аст, ки барои таъмини амнияти озуқаворӣ ба ояндаи соҳаи кишоварзии Тоҷикистон дурбинона ва бисёр ҷиддӣ муносибат намоем. Мо бояд фаъолияти соҳаро бо татбиқи дастовардҳои илму техникаи муосир ва технологияи навтарин тақвият бахшем».
АКС: Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур








Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия тавсеа мебахшанд
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳо панҷ барнома амалӣ карда мешавад
Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд
Дар Тоҷикистон кишти пахта аз даҳаи охири моҳи март оғоз мегардад
Дар ноҳияи Шуғнон шумораи гармхонаҳои муосир афзоиш меёбад
ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад
Дар ноҳияи Ҷайҳун неругоҳи офтобӣ сохта мешавад
Ба ифтихори ҷашни Наврӯз дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия чорабинии тантанавӣ баргузор шуд
Душанбе мизбони Конфронси 35-уми Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ мегардад






