Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон доир ба филологияи Шарқ конференсия баргузор гардид

Декабрь 9, 2023 13:56

ДУШАНБЕ, 09.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода дар мавзуи «Филологияи Шарқ: пажуҳиши забоншиносӣ, равобити адабӣ ва тарҷумашиносӣ» бо иштироки мутахассисони соҳа, забоншиносону адабиётшиносони ватанӣ ва хориҷӣ бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ ва чинӣ дар сатҳи баланд конференсияи байналмилалии илмӣ — амалӣ баргузор гардид.  Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин донишгоҳ хабар медиҳад.

Ректори донишгоҳ дар бораи нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди илми забоншиносӣ ва арҷ гузоштан ба таъриху адабиёти тоҷик сухан гуфта, аз ҷумла изҳор дошт, ки забоншиносӣ ва адабиётшиносӣ дар масири муколамаи тамаддунҳои гуногун ҷойгоҳи хосаро ишғол намуда, дар раванди муносибатҳои байни халқу миллатҳо ва давлатҳои олам беш аз пеш нақши барҷаста пайдо менамояд.

Гуфта шуд, ки равобити адабӣ ва таълифи асарҳои мухталифи забонӣ роҳи нави пайванди Тоҷикистони соҳибистиқлол ба давлатҳои дунё буда, адабиёт ҳамчун ҷузъи асосии фарҳанги халқу миллатҳо онҳоро беш аз пеш муаррифӣ менамояд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари эҳтиром ва арҷгузорӣ ба адабиёт, санъат ва фарҳанги миллӣ инчунин ба масъалаи дар сатҳи баланд мавриди таҳқиқ қарор додани масоили забонӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамояд.

Дар конференсия масъалаҳои мубрами забоншиносӣ дар замони муосир, мукаммал намудани фарҳангҳои дузабона, таълифи луғатномаҳои илмӣ — истилоҳӣ, тарҷума ва тарҷумашиносӣ, вазъи имрӯзаи тарҷумаю тарҷумашиносӣ дар замони муосир, роҳу усулҳои ҳифзи асолати забон, масоили марбут ба типологияи забонӣ, робитаи мутақобилаи забону адабиёт ва амсоли инҳо мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтанд.

АКС: Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон

Декабрь 9, 2023 13:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба масоили муҳими соҳаи нақлиёт ва инфрасохтори роҳҳо конференсияи байналмилалӣ баргузор шуд
Зиёда аз 40 ҳазор нафар ҷавонони Тоҷикистон дар муассисаҳои таҳсилоти олии қариб 50 кишвари ҷаҳон илму дониш ва касбҳои муосир меомӯзанд
Масоили омода намудани мутахассисон дар дохил ва хориҷи Тоҷикистон баррасӣ шуд
350 нафар донишҷӯёни тоҷик дар Ҷумҳурии Корея таҳсил менамоянд
Ёддошти тафоҳум байни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маорифи Ҷумҳурии Корея ба имзо расид
Байни Тоҷикистон ва Корея Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ оид ба барқарорсозии рақамии ҷангалҳо ва амалиёти иқлимӣ ба имзо расид
Барои рушди соҳаи маорифи ноҳияҳои водии Рашт дар 20 соли охир беш аз 2,1 миллиард сомонӣ равона шудааст
Бо иштироки 602 нафар довталаб даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«ДОНАНДАИ БЕҲТАРИНИ АСАРҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ». Беш аз 200 нафар ба даври ниҳоии озмун роҳхат гирифтанд
Дар Филиали Донишгоҳи миллии тадқиқотии «Донишкадаи энергетикии Москва» дар шаҳри Душанбе озмоишгоҳи нав ба истифода дода шуд
Маркази миллии тестӣ давраи сеюми бақайдгирии довталабонро тамдид намуд
Имрӯз даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид