Дар Душанбе ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ доир гардид
ДУШАНБЕ, 18.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2023-2024» баргузор гардид, ки дар он омодагии вилояти Суғд ва шаҳру ноҳияҳои он ба давраи зимистон мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ хабар доданд.
Ҷаласа таҳти роҳбарии муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода бо иштироки намояндагони вазорату идораҳои соҳавӣ — аъзои Ситоди ҷумҳуриявӣ тариқи ҳузурӣ ва роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳру ноҳияҳои он тариқи маҷозӣ доир шуд.
Дар ҷаласа аз ҷониби роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳру ноҳияҳои он ҳисобот вобаста ба омодагӣ ба зимистонгузаронӣ манзур гардид. Дар ҷараёни ҷаласа оид ба камбудиву мушкилиҳои ҷойдошта дар ҳар шаҳру ноҳияи вилоят вобаста ба маблағгузорӣ барои харид ва захиранамоии маводи сӯхт, захираи маводи озуқаворӣ ва зиддилағжиш, омодагии иншооти энергетикӣ ва дигар масъалаҳо ибрози назар гардид.
Дар ҷамъбасти ҷаласа аз ҷониби Роҳбари Ситоди ҷумҳуриявӣ- муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазорату идораҳои дахлдор ва ситодҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳру ноҳияҳои он вобаста ба таъмини иҷрои нақшаи захираи маводи зарурӣ ва сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоёти вилоят барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2023-2024 супоришҳои мушаххас дода шуданд.
АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон








Тоҷикистон ва Қатар ҳамкорӣ дар самти сармоягузориро тақвият медиҳанд
Ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия баргузор гардид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ баррасӣ шуд
Ҳамоишҳои байналмилалӣ дар соҳаи алоқа ҷамъбаст гардиданд
Хуршед Мирзо: «Иқдоми муҳими Тоҷикистон дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ бунёди IT HUB DUSHANBE аст»
«Барномаи давлатии рушди маърифат ва фарҳанги экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
Дар Душанбе натиҷаҳои миллии Шарҳи чоруми фаъолияти экологӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
Дар Давҳа тақвияти ҳамкории Тоҷикистон бо AIIB баррасӣ гардид
Дар доираи Форуми Sibos 2026 рушди ҳамкории Бонки миллии Тоҷикистон бо Commerzbank AG баррасӣ шуд
Дар Давҳа ҷаласаи солонаи Бонки Осиёии сармоягузории инфрасохторӣ доир гардид
Дар доираи «TAJ-TECH 2026» санадҳои ҳамкорӣ ба имзо расонида шуданд
Дар шаҳри Душанбе ҳамкорӣ дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ баррасӣ гардид






