Дар Душанбе оид ба муқовимат бо коррупсия конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид

Декабрь 26, 2023 11:26

ДУШАНБЕ, 26.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Муқовимат ба коррупсия-кафили рушди соҳаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор гардид. Дар ин хусус хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад.

Дар ҳамоиш директори Агентӣ ва Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин тамоми зерсохторҳо ва шуъбаҳои вазорату агентӣ иштирок намуда, фикру мулоҳизаҳои худро доир ба ин мавзуъ баён намуданд.

Иброз гардид, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи баланд бардоштани сатҳ ва сифати хизматрасонии тиббиро ба аҳолӣ самти муҳими фаъолияти худ дониста, ба раванди ислоҳоти соҳаи тиб, истифодаи максадноку самарабахши маблағҳои давлативу лоиҳаҳои сармоягузорӣ ва пешгирии ҳодисаҳои коррупсионӣ пайваста таваҷҷуҳ зоҳир менамояд.

Иштирокчиёни ҳамоиш даъват шуданд, ки мунтазам иҷрои вазифаҳои хизматии худро ба ҳифзи манфиатҳои иқтисодии давлат, таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, тақвияти муқовимати дастҷамъона ҷиҳати паст намудани шиддати коррупсия равона намуда, дар пешрафту шукуфоии Ватан саҳм гузоранд.

Дар идома кормандони мақомоти назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва соҳаи тандурустӣ доир ба мавзуъҳои «Истифодаи дурусти маблағҳо ва пардохтҳои ғайринақдӣ дар соҳаи тандурустӣ», «Таърихи пайдоиш ва ташаккули коррупсия, таъсири манфии он ба рушди соҳаҳои тандурустию ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат: мушкилот ва чораҳои пешгирии ин падидаи номатлуб дар соҳа», «Вазъи назорати давлатии молиявӣ ва ҷинояткорӣ дар соҳаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ», «Чораҳои паст намудани шиддати коррупсия дар муассисаҳои тиббӣ» сухан гуфта, ҷиҳати рушди соҳа, аз байн бурдани омилҳои инсонӣ зимни хизматрасонии тиббӣ, роҳу усулҳои самараноки муқовимат ба коррупсия ва дигар масъалаҳои ҷолиби диққат таклифу пешниҳодҳои муфид манзур намуданд.

Конференсияи ҷумҳуриявӣ дар фазои илмӣ-мубоҳисавӣ ҷараён гирифта, иштирокчиён ба кори он баҳои баланд доданд.

Мақсади баргузории ҳамоиш амалӣ намудани муқовимати дастҷамъона нисбат ба коррупсия маънидод гардида, изҳори боварӣ шуд, ки он дар роҳи натиҷагирӣ ва амалисозии сиёсати мамлакат дар ин самт мусоидати самаранок менамояд.

София ШОИК,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Декабрь 26, 2023 11:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Иштирокдорони Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» бо фаъолияти Агентии обуҳавошиносӣ шинос гардиданд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сабадбофӣ барои рушди иқтисод ва сайёҳӣ имкон фароҳам меорад
200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад
Таъсиси Шурои роҳбарони мақомоти иҷрои маҷбурии кишварҳои аъзои ИДМ баррасӣ шуд
Ҷашни Наврӯз дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таҷлил карда шуд
ГИЁҲҲОИ БАҲОРӢ. Истеъмоли ин растаниҳо дар бадани инсон ба сифати маводи зиддисироятӣ хизмат менамояд
Дар доираи дуюмин Фестивали ҷаҳонии ҷавонон барномаи фарҳангии «Шоми дӯстӣ» баргузор гардид
Дар Тоҷикистон Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ идома дорад
Сокинони ноҳияи Мастчоҳ ҷашни Наврӯзро бо тантана истиқбол гирифтанд
23 МАРТ — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ОБУҲАВОШИНОСӢ. Ҳавошиносони Тоҷикистон барои пешгӯии боду ҳаво аз моделҳои пешрафта истифода мебаранд
Эмомалӣ Раҳмон: «Сиву панҷ сол барои таърих лаҳзаест, вале барои миллати тоҷик давраи сарнавиштсоз ба ҳисоб меравад»
Дар роҳи Душанбе – Чаноқ бинобар корҳои профилактикӣ пардохти ғайринақдӣ муваққатан қатъ мешавад