Дар Эрон вобаста ба иҷрои Ёддошти тафоҳум байни Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ва Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Исломии Эрон мулоқот доир шуд

Декабрь 25, 2023 15:20

ДУШАНБЕ, 25.12.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар Ҷумҳурии Исломии Эрон мулоқоти Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ноиби Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Абдулло Раҳмонзода ва Президенти Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Исломии Эрон Вафо Хусравӣ баргузор гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон.

Мақсад аз баргузории мулоқот амалӣ намудани ҳадафҳои Ёддошти тафоҳум байни Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ва Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар самти пеш бурдани Ҳаракати олимпӣ, баргузории машқҳои дастҷамъона байни варзишгарони ҳарду ҷониб, тарғиби идеяи бозиҳои одилона, иштироки дастаҳо ва варзишгарон дар мусобиқаҳои дуҷониба ва бисёрҷониба, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон баргузор мешаванд, инчунин мубодилаи таҷрибаи мураббиён мебошад.

Ҳамзамон дар доираи ёддошт мубодилаи иттилоот оид ба барномаҳои таҳқиқотӣ ва таълимии соҳа, ташкили якҷояи барномаҳои кӯтоҳмуддати таълимӣ, тренингҳо, семинарҳои варзишӣ, мубодилаи таҷрибаи тибби варзишӣ, рушди ҳамкории мутақобилан судманди академӣ дар соҳаҳои илми варзишӣ, техникаи варзишӣ, таълими варзишӣ, таҳқиқоти варзишӣ ва ҳама гуна фаъолияти дигари марбут ба пешбурди Ҳаракати олимпӣ ва варзиш баррасӣ шуд.

Гуфта шуд, ки тамоми паҳлуҳои соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва Ҳукумати мамлакат дар сатҳи олӣ дастгирӣ ёфта, чандин барномаҳои давлатӣ баҳри рушди босуръати соҳа қабул гардидаанд.

Инчунин гуфта шуд, ки ба имзо расидани Ёддошти тафоҳум байни Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ва Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Исломии Эрон яке аз дастовардҳои соҳа маҳсуб шуда, далели ҳамкории мутақобилан судманди ҳарду ҷониб мебошад, ки бо ҳидоятҳои роҳбарияти олии ҳарду давлат ба амал омадааст.

Ёдовар мешавем, ки 8 ноябри соли 2023 дар ҳузури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Сайид Иброҳим Раисӣ Ёддошти тафоҳум байни Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ва Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Исломии Эрон ба имзо расида буд.

АКС: Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон

Декабрь 25, 2023 15:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад