РУШДИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ — ТАҚОЗОИ ЗАМОН. Дар Хоруғ машварати омӯзишӣ доир гардид
ДУШАНБЕ, 13.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Хоруғ бо мақсади расонидани ёрии методӣ ва ба ин васила дуруст омӯзонидани ҳуҷҷатгузорӣ дар мавзуи риоя намудани муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикситон «Дар бораи Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030» ва «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва аломатҳои китобати он» дар идораву муассисаҳо машварати омӯзишӣ баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ хабар медиҳад.
Дар кори машварати омӯзишӣ оид ба қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ маълумот дода шуда, иброз гардид, ки имло либоси забон мебошад. Қоидаҳои имло ҳуҷҷати меъёрӣ-ҳуқуқӣ ба шумор мераванд. Риоя намудани қоидаҳо яке аз муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» буда, сабти чунин зарурат дар аснод тибқи қоидаҳои муайян доир мегардад.
Иброз гардид, ки санадҳои коргузорӣ намудҳои гуногун дошта, ҳар кадоме аз онҳо қолаб ва шакли хос дорад. Ба ҳуҷҷатҳои нақшагирӣ ҳуҷҷатҳои ташкиливу фармоишӣ; таъйиднома (акт), мактубҳои расмӣ, дастурамал, оиннома, низомнома, фармон, суратмаҷлис, дастур, гузориш, тасдиқнома, шаҳодатнома, барқия, дархостнома, забонхат ва ғайра дохил мешаванд.
Ҳамзамон дар машаварат оид ба мушкилоти асосии қоидаҳои имло ҳарф зада, оид ба мавқеи навишти «ӯ»-и дароз ва «у»-и кӯтоҳ, «и»-и кӯтоҳ ва «ӣ»-и дароз, аломатҳои «ъ» ва ҷудоӣ «ь» маълумоти мушаххас дода шуд.
Тазаккур дода шуд, ки мактубҳои расмӣ ҳадаф ва вазифаҳои мушаххас доранд ва ба навъҳои гуногун ҷудо мешаванд: мактубҳои расмӣ, дастурӣ, замимахат, даъватнома, иттлоотӣ, огоҳӣ, тасдиқӣ, ёдоварӣ, кафолатӣ, ибтикорӣ, ҷавобӣ ва ғайра. Бинобар ин ҳар корманди муассисаву идораи давлатию ҷамъиятиро зарур аст, ки қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва фарҳанги забони тоҷикиро пурра аз худ намояд.
Иштирокчиёни машварат оид ба масъалаҳои баҳсноки қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ба саволҳои худ посух гирифтанд.
Бояд гуфт, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои нахустини ба сари ҳокимият омадан диққати махсусро ба ҳифзу инкишофи забони тоҷикӣ равона намуда, бо додани мақоми давлатӣ ба он ҷойгоҳи забони миллиро муайяну мустаҳкам намуданд.
Бо ба роҳ мондани иқдому ташаббус ва тасмиму қарорҳои зиёду саривақтӣ дар муддати кӯтоҳ забони шевои миллии мо на танҳо дар сарзамини аҷдодӣ рушд намуд, балки бо кӯшиши Пешвои миллат аз минбари муътабартарин институти ҷаҳонӣ- Созмони Милали Муттаҳид садо дод. Он имрӯз ба сифати забони тамаддуни бостонӣ дар чорабиниҳои сатҳи баланди сиёсию илмӣ ва фарҳангии байналхалқӣ бештар истифода мешавад.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ








Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд
Дар шаҳру ноҳияҳои Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон идома дорад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти ҳуқуқи инсон тақвият меёбад
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Оид ба татбиқи нақшаи амали Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Тоҷикистон конференсия доир шуд
Дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология Маркази мониторинги сейсмикӣ ба истифода дода шуд
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Федератсияи Русия бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Душанбе масъалаи ифлосшавии ҳавои атмосферӣ дар мамлакат баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ иқдоми нав амалӣ мегардад
Тоҷикистону Чин дар бахши тандурустӣ Ёддошти ҳамкории сеҷониба ба имзо расониданд
«БАҲОРИ ҶАВОНӢ — НАВРӮЗИ ҶАҲОНӢ». Дар вилояти Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон оғоз гардид






